Дар Пекин аз хатари муқовимати ҳамаҷониба миёни Чин ва ИМА ҳушдор доданд

Февраль 23, 2022 11:03

ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Стратегияи нави Иёлоти Муттаҳида дар минтақаи Ҳинду Уқёнуси Ором даъвати ошкоро ба Чин мебошад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Чин иттилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз, 22 феврал, Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И зимни суҳбати телефонӣ бо Вазири корҳои хориҷии ИМА Энтони Блинкен изҳори назар намудааст.

«Чанде қабл ҷониби Амрико стратегияи нави Ҳинду Уқёнуси Оромро муаррифӣ карда, Чинро ошкоро ба гурӯҳи хатарҳои асосии минтақа мансуб донист. Илова бар ин, кӯшиши ворид кардани принсипи нигоҳ доштани Чин тавассути Тайван ба стратегияи минтақавии Иёлоти Муттаҳида бонги бардурӯғе дар бораи боздоштан ва саркӯб кардани Чин медиҳад»,- иқтибос овардааст суханони Ван Иро сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Чин.

Ван И гуфт, ки даъватҳои бархе аз мақомоти амрикоӣ барои рақобати шадид бо Чин метавонанд ба «муқовимати ҳамаҷониба» миёни ду кишвар табдил ёбанд.

«Баъзе мансабдорони ИМА ба рақобати тӯлонӣ ва шадид бо Чин даъват мекунанд, ки эҳтимол дорад он ба муқовимати ҳамаҷониба миёни Чин ва ИМА табдил ёбад»,- гуфт ӯ.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 23, 2022 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид