Дар шаҳри Санкт-Петербург таҳти унвони «Шаби назми тоҷик» барномаи фарҳангӣ-адабӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораҳои тоҷикон дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Федератсияи Русия 21 феврал бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ барномаи фарҳангӣ-адабӣ таҳти унвони «Шаби назми тоҷик» дар сатҳи баланд баргузор гардид, хабар дод масъули бахши матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар».
Дар маросими мазкур тоҷикони муқими Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, олимону донишмандон, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт – Петербург, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони ҳавзаи мазкур, донишҷӯёни фаъол, ки дар донишкадаву донишгоҳҳои олии минтақа таҳсил мекунанд, иштирок намуданд.
Дар барномаи фархангӣ инчунин намояндагони мақомотҳои гуногуни Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, аз ҷумла Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати муҳоҷиратӣ, Хонаи миллатҳо, муфтии шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳр, олимону донишмандон аз кишварҳои узви ИДМ, шарқшиносону назмшиносон иштирок ва вобаста ба аҳамияти назми тоҷик дар тарбия, густариши муносибатҳои дӯстона ва ташаккули фарҳангу маданияти ҷаҳонӣ суханронӣ намуданд.
Иштирокдорони барнома вобаста ба моҳияти ташаккули назми классики тоҷик ва муосир, заминаҳои рушд дар давраҳои гуногун, нақши он дар тарбияи худшиносӣ ва густариши назарияи гуманистӣ, эҳтиром ба арзишҳои бузурги инсонӣ, таҳкими муносибатҳои байнимиллалӣ изҳори назар намуданд.

Барномаи фарҳангии рангин аз ҷониби аҳли ҳунар пешкаши иштирокдорон гардид, ки ба ин маъракаи фарҳангӣ шукуҳи тоза бахшид.
Дар барномаи фарҳангӣ аҳли адаб, олимон ва муҳаққиқони хориҷӣ вобаста ба густариши назми тоҷик дар кишварҳои гуногуни олам суханронӣ намуда, бо забони ноби тоҷикӣ шеърҳои адибони классику муосири тоҷикро қироат намуданд.
Қисмати дуюми чорабинӣ ба шаби эҷодии шоири муосири тоҷик Мирзода Маҳмадназар бахшида шуда, дар он эҷодиёти ин шоири муосир мавриди таҳлил қарор гирифт. Сипас чанд намунаи шеъри шоир баҳри иштирокдорон қироат карда шуд. Эҷодиёти ватандӯстона ва лирикии Мирзода Маҳмадназар мавриди истиқболи гарму самимии иштирокдорон қарор гирифта, аҳли адаб ба эҷодиёти шоир баҳои баланд доданд.
Акс аз Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






