Дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолот таъсис ёфт

Февраль 11, 2022 12:55

ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолот таъсис дода шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ баён намуд.

Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолот бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмӣ, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии АМИТ бо вазорату идораҳои соҳавӣ, корхонаҳои  саноатию ширкатҳои истеҳсолии хусусӣ дар самти пайвасти илм бо истеҳсолот, татбиқи натиҷаи дастовардҳои илмӣ, коркардҳо ва технологияҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар истеҳсолот ташкил гардидааст.

Соли 2021 аз ҷониби  шуъба бо 75 корхонаи саноатии минтақаҳои гуногуни мамлакат оид ба муаррифии дастовардҳои илмии олимони Академияи миллии илмҳо ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти пайвасти илм бо истеҳсолот робитаҳо ба роҳ монда шуданд.

Айни ҳол дар самти пайвасти илм бо истеҳсолот миёни муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии АМИТ бо корҳонаҳои саноатӣ 13 созишномаи ҳамкорӣ баста шудааст, ки мавриди амал қарор доранд.

Дар нишаст зикр шуд, ки соли 2021 олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳқиқотро аз рӯйи 111 мавзӯъ, аз ҷумла 68 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 15 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Инчунин соли 2021 аз тарафи олимони АМИТ 18 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва 21 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ба даст оварда шуд. Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот 26 коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2022 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид