Дар Вазорати корҳои дохилӣ бо намояндагони «Интерпол» мулоқот доир шуд

Февраль 16, 2022 14:34

ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал муовини Вазири корҳои дохилӣ Саиднахш Раҳмонзода бо ҳайати расмии Созмони байналмилалии полиси ҷиноятӣ «Интерпол» таҳти роҳбарии сардори Раёсат оид ба корҳои глобалӣ ва дастгирии минтақавии «Интерпол» Абдулазиз Убайдулло мулоқот намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилӣ. 

Зимни мулоқот масъалаҳои васеи густариши ҳамкорӣ миёни Бюрои миллии маркази «Интерпол»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Котиботи генералии «Интерпол» ва масъалаи дастгирии техникии он ҷониб дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи мақомот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо вобаста ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар робита ба ҳаводиси Афғонистон ва ҳамчунин хусусияти глобалӣ гирифтани ҷиноятҳои муташаккилона, роҳҳои муборизаи самаранок бо ин зуҳурот ва табодули иттилоот изҳори ақида намуданд.

 

АКС: ВКД ҶТ

Февраль 16, 2022 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид