Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Суғд ва Хатлон филиалҳо таъсис дод
ДУШАНБЕ, 09.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғду Хатлон филиалҳои худро таъсис дод.
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки ин тадбир бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ бо дарназардошти иқтидор ва рушди минтақаҳои мамлакат андешида шудааст.
Убайдулло Асрорзода доир ба фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию байналмилалӣ ва хоҷагидории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар соли гузашта гузориш дода, зикр намуд, ки «соли гузашта дар фаъолияти Донишгоҳ соли дастовард ва муваффақият буд, зеро дар ин сол дар радифи таҷлили 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ду бинои нави таълимӣ дар донишгоҳ ба истифода дода шуд. Маҳз бо ифтитоҳи биноҳои замонавӣ дар донишгоҳ 9 озмоишгоҳи таълимӣ, китобхонаи илмӣ-электронии муосир, толори маҷлисгоҳ барои 600 нафар, 37 синфхона ва 22 утоқи корӣ ташкил гардид».
«Ҳамзамон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 январи соли равон ба ин муассисаи олии мамлакат мақоми Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дода шуд, ки он барои ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ ифтихори бузург буда, дар назди роҳбарият ва кулли омӯзгорону донишҷӯён вазифаҳои нав ва масъулиятнок мегузорад»,-афзуд Ректори Донишгоҳи байналмилалӣ.
Зикр шуд, ки роҳбарият ва ҳайати устодону профессорони донишгоҳ дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардида буданд, корҳои мушаххас анҷом доданд. Ин аст, ки шурӯъ аз соли 2021 ҷараёни баргузории дарсҳои кушода, иштирок дар дарсҳои ҳамдигар аз ҷониби бахши идоракунии сифати таҳсилот ва коршиносони он таҳти назорати қатъӣ қарор дода шудааст. Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби комиссияи озмунӣ, ки дар қисми таълимӣ таъсис дода шудааст, бо омӯзгороне, ки бори аввал ба кор қабул мегарданд, суҳбатҳо гузаронида шуда, ҳангоми қабул ба кор ба неруи илмӣ, таҷрибаи педагогӣ, масъулиятнокӣ, тахассуснокӣ ва хоҳиши ба кори илмӣ машғул шудан аҳамияти ҷиддӣ дода шуд.
Ҳамзамон намояндагони воситаҳои ахбори омма бо имконияти таҳсил дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардида, аз озмоишгоҳҳои муҳосибӣ, гумрукӣ, зеҳни сунъӣ, сайёҳӣ, сайёҳии кӯҳӣ, сервиси сайёҳӣ, меҳмонхонаи таълимӣ, бонки таълимӣ ва китобхонаи илмӣ-электронии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздид намуданд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар».








Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд






