ДУШАНБЕРО БА ШАҲРИ ГУЛРЕЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ! Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳашари ободонӣ доир гардид

Февраль 13, 2022 09:56

ДУШАНБЕ, 13.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт дар доираи раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ободу зебо, сабзу хуррамгардонӣ ва ҳамовозӣ бо Муроҷиатномаи Раиси шаҳр ҷиҳати ба “Шаҳри гулрез” табдил додани пойтахти мамлакат ҳашари ободонӣ роҳандозӣ намуданд.

Дар ин иқдом, ки дар назди МТМУ №70-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ сурат гирифт, кормандони ҳизбии пойтахт, раёсатҳои тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо тозаву озода намудани  атрофи ин мавзеъ саҳми худро дар тозаю озода намудани як гӯшаи Тоҷикистон – шаҳри Душанбе гузоштанд.

Масъулин зимни ҳашари дастҷамъӣ иброз доштанд, ки ниҳолшинониву гулшинонӣ, ки миёни мардуми мо ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва зебоӣ маҳбубият пайдо кардааст, аз гузашта то имрӯз роиҷ аст. Аз ин рӯ, ин гуна иқдомҳо метавонанд барои дар замири насли наврас талқин намудани ҳисси зебоипарастӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф саҳми назаррас гузоранд.

Ҳизбиёни пойтахт, кормандони раёсатҳои тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ният доранд, ин гуна иқдомҳои ободониву гулшинониро бо истифода аз ҳавои мусоид ҳар ҳафта баргузор намуда, ба ин васила саҳми худро дар ободонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани шаҳри Душанбе гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2021 Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони пойтахт  даъват ба амал оварданд, ки барои ба «Шаҳри сабз» табдил додани Душанбе саҳм гузоранд.

Талошу тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргирифта аз ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сабзкорию ободгардонӣ, гулзору гулпӯшгардонии мамлакат мебошад, ки имрӯз ин иқдомро ҳама пиру ҷавони мамлакат вазифаи хеш дониста, пайи анҷом додани он мебошанд.

Бояд гуфт, ки ниҳолшинониву гулшинонӣ  аз қадимулайём барои тоҷикон рамзи зиндагии шоиста, хуррамӣ ва шодобӣ мебошад. Тавсифу тараннуми гулҳои атрогину сабзаҳои махмалин дар адабиёти ҳазорсолаи тоҷик мақоми арзанда дорад.

Ва, бешак, имрӯз пойтахти давлати мо-шаҳри Душанбе дар назари аввал ба бӯстони пургуле шабоҳат дорад, ки диққати ҳар бинандаро  ба худ ҷалб менамояд. Моро зарур аст, ки ба ин бӯстон гулу гулбутта ва ниҳолони нав афзуда, онро ба шаҳри зебоманзару сабзпӯш табдил диҳем.

 

АКСҲО: КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Февраль 13, 2022 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад