«ФАРҲАНГ — КАФОЛАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛИСТ». Таҳти ин унвон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ҳамоиш доир шуд

Февраль 4, 2022 16:22

ДУШАНБЕ, 4.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Фарҳанг — кафолати ваҳдати миллист»-таҳти чунин унвон дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон дар  Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи  давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ доданд дар муассисаи мазкур ба АМИТ «Ховар».

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Орумбек Шамсиддинзода, раиси Шӯрои собиқадорони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов, чеҳраҳои саршиноси соҳаҳои фарҳангу санъати кишвар ва устодону донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд.

Зимни ҳамоиш  ректори Донишкадаи  фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки нақши Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва дар амал татбиқ намудани дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим арзёбӣ мегардад.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  аз роҳи тӯлонӣ ва пурмашаққати  расидан ба ваҳдати миллӣ ва ин рӯзҳои осоишта, саҳми Пешвои миллат дар истиқрори  сулҳ, вазифаҳои муҳими давлату Ҳукумат, намояндагони фарҳангу ҳунар ва ҷавонон дар корҳои ободонии кишвар ёдовар шуд. Мавсуф нақши фарҳангиён ва аҳли ҳунарро дар пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи сартосарӣ муассир хонд.

Орумбек Шамсиддинзода зикр намуд, ки “мардуми сарбаланди кишвар дар таҳкими ваҳдати миллӣ, мустаҳкам гардонидани пояҳои Истиқлоли давлатӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ азму иродаи қавӣ зоҳир менамоянд. Дар ин росто, аҳли фарҳанг ҳамеша пешсаф буда, дар тарбияи фарҳанги сиёсӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллии ҳар  сокини кишвар саҳми арзанда мегузоранд”.

Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ моро вазифадор месозанд, ки ба тарбияи ҷавонон бештар диққат диҳем. Аз ҷумла, таъкиди мазкури Пешвои миллат — «Насли ҷавон, ки ояндаи Ватан ва неруи бузурги кишвар мебошанд, бояд роҳи дурустро дар зиндагӣ интихоб намоянд ва барои ободу шукуфо кардани меҳани аҷдодӣ талош варзанд», — бояд шиори раҳнамунсози ҷавонон бошад.

Баъд аз суханрониҳо ва мулоқотҳои судманд аз тарафи раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон як гурӯҳ устодону кормандони донишкада барои саҳми арзанда гузоштан дар таҳкими ваҳдати миллӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тақвияти ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, густариши фарҳангу маърифат ва ҳамкории судманд бо Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба ифтихори 25-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бо сипосномаи Кумита сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир ҳамчун армуғони фарҳангӣ барномаи ҷолиби консертӣ аз тарафи устодону донишҷӯёни донишкада ба меҳмонон ва иштирокдорони ҷорабинӣ пешкаш карда шуд, ки фарогири сурудҳои ватандӯстӣ ва оҳангҳои миллӣ буд.

АКС: «Донишкадаи  давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  

Февраль 4, 2022 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
Дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳо баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
Бахшида ба 35-солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо ифтитоҳ ёфт
Аъзои ҳайати шаҳри Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон шинос шуданд
Дабири кулли САҲА дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни миллати тоҷик шинос шуд
Рушди ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
«МЕАНДЕШАМ, ПАС ҲАСТАМ». Таҳти ин унвон намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Суҳроб Қурбонов ташкил карда мешавад
Дар Бишкек маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон даврҳои омӯзишии «Эбру», 3D ва колиграфия ифтитоҳ шуданд
«ЗЕБОИИ ТОҶИКИСТОН–МЕРОС БАРОИ ОЯНДА». Дар Бишкек намоишгоҳи санъати тасвирии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт