Генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода: «Ман такя ба мардуми бошарафи Бадахшон мекунам!»
ДУШАНБЕ, 26.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар тӯли 4 соли фаъолият мақомоти корҳои дохилии пойтахт таҳти роҳбарии генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода ба натиҷаҳои баланди хизматӣ ноил гардид. Пурарзиштарин натиҷа ин боварӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба милитсия мебошад, ки бо фаъолияти хастанопазиронаву шабонарӯзӣ ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон ба даст омадааст. Дар ин бора дирӯз муовини Вазири корҳои дохилии ҶТ Нозим Иброҳимзода зимни муаррифӣ дар РВКД шаҳри Душанбе изҳор намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, 24 феврал дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд роҳбарони якчанд сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйин гардиданд. Аз ҷумла, генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳомидзода, ки то ин дам дар вазифаи муовини Вазири корҳои дохилӣ кору фаъолият дошт, ба ҳайси сардори нави Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъйин шуд. Ӯ дар вазифа генерал-лейтенант Шариф Назарзодаро, ки сардори РВКД дар ВМКБ таъйин шуд, иваз кард.
Зимни муаррифии сардори нави РВКД дар Душанбе муовини Вазири корҳои дохилӣ зикр намуд, ки дар тӯли 4 соли фаъолият мақомоти корҳои дохилии пойтахт таҳти роҳбарии генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода ба натиҷаҳои баланди хизматӣ ноил гардид. Пурарзиштарин натиҷа ин боварӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба милитсия мебошад, ки бо фаъолиятҳои хастанопазиронаву шабонарӯзӣ ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон ба даст омадааст.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки тавре аз натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии пойтахт бармеояд, ҳайати шахсии милитсияи шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Шариф Назарзода дар тамоми самтҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомеа саҳми боарзиши худро гузоштаанд. Яке аз дастовардҳои назаррас ин тамоюли коҳишёбӣ доштани ҷинояткорӣ дар пойтахт мебошад. Баҳри таъмини тартибот ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, баррасии саривақтии арзу шикоятҳои шаҳрвандон, махсусан аз байн бурдани авбошиҳои гурӯҳӣ миёни ноболиғону ҷавонон бо истифода аз силоҳи сард ва дигар амалу кирдорҳои хилофи қонун як қатор рейду амалиётҳои пешгирикунандаву профилактикӣ амалӣ карда шуданд.
Махсусан баррасии фаврӣ ва пайгирии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон тариқи сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки зери назорати бевоситаи сардори Раёсат Шариф Назарзода қарор дошт, боиси баланд гардидани мақомому обрӯи милитсия ва эътимоду боварии шаҳрвандон гардид. Ҳамзамон ошкору пешгирии ҷинояткорӣ, махсусан дастгир гардидани гурӯҳҳои муташакклили нашъаҷаллоби трансмиллӣ ва мусодираи миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадор самтҳои афзалиятноку фаъолияти пурасамари мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба шумор мераванд.
Зимни суханронии худ Шариф Назарзода тазаккур дод, ки «дар фаъолияти корӣ баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва таҳкими сулҳу суботу якдигарфаҳмӣ ба хиради волои мардуми сарбаланди Бадахшон такя намуда, дар якҷоягӣ бо тамоми сокинони вилоят ба дастовардаҳои назаррас ноил мегардем».
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш собиқ сардори РВКД-и пойтахт Шариф Назарзода зимни мулоқот бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гуфта буд, ки ҳифзи сулҳу субот, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ бевосита аз ҳамкорӣ ва муттаҳидии ҳамаи қишрҳои ҷомеа вобастагӣ доранд. «Танҳо дар якҷоягӣ ва ваҳдат метавонем дар пешрафту шукуфоӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин саҳм гузорем», — таъкид дошт ӯ.
АКС: РВКД шаҳри Душанбе








Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд






