Имсол бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 01.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябри соли равон бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ба истифода дода мешавад, иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма.
Ба гуфти М. Гулзода, иншооти асосӣ аз се бинои 9 ва 4 ошёна иборат мебошад. Синфхонаҳои таълимӣ бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ таъмин мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 28 апрели соли 2017 барои бунёди бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино санги асос гузошта буданд.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки арзиши умумии сохтмони бинои асосӣ тибқи ҳисобҳои пешакӣ, 85 миллиону 416 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар бинои асосӣ бунёди толори маҷлисгоҳ бо 1000 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳои таълимӣ, китобхона бо толори хониш ва толорҳои хурди дарсӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар ҳудуди иншоот инчунин сохтмони се бинои нави таълимӣ, ошхона бо 300 ҷойи нишаст, 4 бинои 12-ошёнаи хобгоҳ барои донишҷӯён, 2 бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон, майдону толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, бинои озмоишгоҳ, майдони теннис, минтақаи хоҷагӣ ва боғ дар назар дошта шудааст. Инчунин дар қисми даромадгоҳи асосии донишгоҳ бунёди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино пешбинӣ гардидааст.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Маҳмадшоҳ Гулзода зикр намуд, ки беҳтар намудани ташкили раванди таълим, назорат ва идоракунии он татбиқи идоракунии системавӣ ва мониторингиро, ки ба таври доимӣ такмилёбанда аст, тақозо менамояд. Низоми нави идоракунӣ дар асоси принсипҳои системаи идоракунии сифат, стандарти байналмилалиии ИСО тартиб дода шудааст. ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино яке аз аввалинҳо шуда, миёни муассисаҳои таълимии кишвар татбиқи системаи менеҷменти сифатро дар асоси стандарти умумиҷаҳонии ИСО 901:2015 мавриди амал қарор дод.
«Шумораи муҳассилини хориҷӣ дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар ҳоли афзоиш буда, дар донишгоҳ 1951 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 19 давлати дунё таҳсил доранд. Аз онҳо дар сатҳи дипломӣ 1910 нафар донишҷӯён, дар сатҳи баъдидипломӣ -зинаи магистратура, аспирантура, докторантура (PhD) 14 нафар, дар сатҳи баъдидипломии муолиҷавӣ — дар зинаи ординатураи клиникӣ — 19 ва дар Маркази омодагии қаблӣ — 8 нафарро ташкил медиҳад»,- афзуд Маҳмадшоҳ Гулзода.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»










«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






