Маркази миллии тестӣ: Нишондиҳандаи иштироки довталабон дар имтиҳонҳои соли 2021 нисбат ба давраи 2015-2020 пасттар аст
ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз шумораи умумии довталабони азқайдгузаштаи дорои таҳсилоти миёнаи умумии синфи 11, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ соли 2021 дар ду даври имтиҳонҳо (асосӣ ва иловагӣ) 81712 нафарашон иштирок намуданд, ки ин аз шумораи умумии довталабон 89,27 фоизро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи иштироки довталабони мазкур дар имтиҳонҳои соли 2021 нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи солҳои 2015-2020 пасттар аст. Инчунин нишондиҳандаи иштироки довталабони мазкур дар имтиҳонҳои соли 2021 нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020, ки дар муқоиса бо ҳамаи солҳои баргузории ИМД баландтарин мебошад, 5,69 фоиз паст гардидааст.
Дар ин бора директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки шумораи умумии комбинатсияи ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабули тасдиқгардида барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ дар заминаи таҳсилоти умумии синфи 11 соли равон пешниҳод гардид, 3809-то буд, ки аз он 1260-тояш дар доираи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 2549-тои дигараш дар доираи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиянд. Шумораи умумии ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабули тасдиқгардида барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосии синфи 9 имсол пешниҳод гардид, 87 ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 8-то зиёд аст.
Хуршед Икромӣ зикр намуд, ки дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳо ҳиссаи бештари довталабони дар имтиҳонҳо иштирокдошта аз шумораи умумӣ соли 2021 ба гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум – ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ 91,35 фоиз рост меояд. Аз рӯйи ин нишондиҳанда соли 2021 дар ҷойи 3-юм гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм – филология, педагогика ва санъат (90,36 фоиз) қарор дорад.
Ба зикри мавсуф, нишондиҳандаи нисбатан пасти иштирокро дар соли 2021 довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум – табиӣ ва техникӣ (85,89 фоиз) доранд. Нишондиҳандаи мазкур дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм – иқтисод ва география низ аз гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум – тиб, биология ва варзиш фарқи зиёд надорад.
Дар ҷараёни нишаст гуфта шуд, ки иштироки нисбатан хуби довталабон дар имтиҳонҳо аз рӯйи минтақаҳо дар соли 2021 ба шаҳри Душанбе рост меояд, яъне тибқи ин нишондиҳанда дар ҳамаи солҳои баргузории ИМД иштироки довталабони шаҳри Душанбе дар имтиҳонҳо нисбатан фаъол аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






