СААД соли 2022 дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон машқҳо доир менамояд
ДУШАНБЕ, 01.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) дар нимаи дуюми соли равон дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон машқҳои муштарак баргузор мекунанд. Дар ин бора сардори ситоди муштараки СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров (ДАР АКС) дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Россия-24», ки рӯзи душанбе дар сомонаи Ситоди муштараки СААД нашр шуд, изҳори назар намудааст.
«Агар дар бораи соли 2022 сухан гӯем, пас метавон гуфт, ки мо қариб тамоми чорабиниҳои муштараки омодагии фаврӣ ва ҳарбиро дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ: дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба нақша гирифтаем»,- гуфт ӯ.
«Ман фикр мекунам, ки гумон аст ба ин раванд чизе таъсир кунад ё халал расонад. Дар нимаи дуюми сол дар он ҷо машқҳои муштарак баргузор мешаванд», — афзуд Сидоров.
АКС аз манбаъҳои боз








Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд






