Муҳаммадюсуф Имомзода: «Соли 2021 беш аз 4 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил шуданд»

Февраль 3, 2022 13:11

ДУШАНБЕ, 3.02.2022. /АМИТ «Ховар». «Дар соли таҳсили 2020-2021  ба 27 муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4803 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дохил шуданд. Ҳоло дар донишгоҳҳои Тоҷикистон 13 ҳазору 930 донишҷӯи хориҷӣ аз 14 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд», — иттилоъ дод Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи ӯ, таваҷҷуҳи шаҳрвандони хориҷӣ ба таҳсил дар макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол афзоиш меёбад.

«Аз январи соли 2021 дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон квота ҷудо карда шудааст: Федератсияи Русия – 630, Қазоқистон – 50, Қирғизистон – 50, Беларус – 8, Украина — 20, Озарбойчон — 4. Дар воситаҳои ахбори оммавӣ оид ба маъракаҳои квотаҳо маълумот ҷой дода шуд, имтиҳонҳои қабул дар марказҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Илова бар ин, соли гузашта Ҷопон, Полша ва Ҷумҳурии Корея барои хизматчиёни давлатӣ идрорпулӣ ҷудо карданд», — гуфт Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ.

Дар соли ҳисоботӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ бо Туркманистон, Узбекистон, Чин, Русия, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Корея, Ҷопон, Австрия, Олмон Украина, Гурҷистон, Туркия, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва Фаронса иштирок намуданд.

«Яке аз дастовардҳои Вазорати маориф ва илм дар сатҳи ҷаҳонӣ  ин аст, ки соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи гранти озмоишии Барномаи шарикии глобалӣ оид ба маориф (GPE) миёни 76 кишвари ҷаҳон интихоб гардид. Ин грантҳо ба кишварҳое дода мешаванд, ки барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ нақшаи мушаххаси стратегӣ доранд. Ҳамзамон роҳбарияти ин созмон Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайати роҳбарияти шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф пешниҳод намуданд, ки  ҳоло мавсуф ин барномаро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ намояндагӣ мекунад. Ин нишонаи эътимод ба низоми маорифи Тоҷикистон мебошад»,- зикр  намуд Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2022 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд