Муштзанҳои наврас ва ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё ширкат мекунанд
ДУШАНБЕ, 27.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 феврал то 15 март дар шаҳри Аммони Урдун Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он Тоҷикистонро 27 варзишгар намояндаги мекунанд, хабар доданд аз Федератсияи бокси Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Рӯзи аввали муҳорибаҳо 2 март, муҳорибаҳои финалӣ 13 ва 14 март ба нақша гирифта шудааст. Умуман, миёни ҷавонон 51 чемпион миёни бонувону мардҳо ва миёни наврасон низ 51 чемпион миёни духтарон ва писарон муайян карда мешаванд. Варзишгарони соли таваллудашон 2004-2005 ҳуқуқи ширкат дар мусобиқа миёни ҷавонон ва варзишгарони соли таваллудашон 2006-2007 ҳуқуқи ширкат дар мусобиқа миёни наврасонро доранд.
Ҷавонон:
48кг – Меъроҷ ЗОИДОВ
51кг – Асламҷон ҚУРБОНОВ
54кг – Бузургмеҳр ИКСАНОВ
57кг – Абубакр МУРОДОВ
60кг – Абдураҳим ЁҚУБОВ
63,5кг – Саддам ДАВЛАТОВ
67кг – Анӯшервон АҚНАЗАРОВ
71кг – Юсуф ФОЗИЛОВ
75кг – Нурланбек ЕРМАТОВ
80кг – Диёр СУЛТОНОВ
86кг – Акмалҷон АБДУВАЛИЕВ
92кг – Парвиз АХМЕДОВ
50кг – Фариза ЁҚУБОВА
54кг – Насиба ШАРИФЗОДА
57кг – Бибиҷон МУЗАФФАРОВА
60кг – Бибинишастамо ХОЛОВА
Наврасон
46кг – Анушервон ФОЗИЛОВ
48кг – Меъроҷ СУФИҶОНОВ
50кг – Ҷаъфар ҲАКИМОВ
52кг – Дамир МУИБАЛИХОНОВ
54кг – Руслан ҒАФУРОВ
60кг – Рустамҷон АШУРОВ
66кг – Усмоншайх УСМОНОВ
70кг – Мирзобахтиёрхон АТОЕВ
75кг – Аъзам ФОЗИЛОВ
+80кг – Фирӯз РАҶАБОВ
57кг – Ҳангома ИСОЕВА
Ёдовар мешавем, ки варзишгарон тоҷикро дар ин сафар мураббиён Парвиз Ахмедов, Носирҷон Азимов, Ҷамшед Султонов, Мамадҷон Сулаймонов, Саидхоҷа Маъмуров, Тоирҷон Аглухов, Масрур Шобеков, Муродхон Аскаров, Хуршед Абдуллоев ва директори иҷроияи Федератсияи бокси Тоҷикистон Комрон Файзов ҳамроҳӣ мекунанд.
Тақвими Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонон ва наврасон:
27-28 феврал – рӯзи омади дастаҳо
1 март 2022 – тафтиши дархостҳо
1 март – ҷаласаи техникӣ
1 март – қуръакашӣ
1 март – маросими ифтитоҳ
2 март – рӯзи аввали муҳорибаҳо
3 март – рӯзи дуюми муҳорибаҳо
4 март – рӯзи сеюми муҳорибаҳо
5 март – рӯзи чоруми муҳорибаҳо
6 март – рӯзи панҷуми муҳорибаҳо
7 март – рӯзи шашуми муҳорибаҳо
8 март – рӯзи ҳафтуми муҳорибаҳо
9 март – рӯзи ҳаштуми муҳорибаҳо
10 март – рӯзи нуҳуми муҳорибаҳо
11 март – рӯзи даҳуми муҳорибаҳо
12 март – истироҳат
13 март – муҳорибаҳои финали наврасон
14 март — муҳорибаҳои финали ҷавонон
15 март – бозгашти дастаҳо
АКС: КМО Тоҷикистон








Варзишгарони тоҷик дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон 4 медал ба даст оварданд
Варзишгари тоҷик Акмал Убайдов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс–2025 шуд
Байни деҳаю маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мусобиқаи футбол оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он ҷаласа доир гардид
Дастаи «Сардор»-и Турсунзода бори аввал ба Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол баромад
Дастаи «Сипар» ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал гардид
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025. Имрӯз дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» дар финал бозӣ мекунанд
«Истиқлол»-и Душанбе бори чордаҳум чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ шуд
«Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук» ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад
Алифбек Беромов барномаи байналмилалии ФИФА-ро дар Ҷакарта муваффақона хатм кард
Иштирокчиёни Ҷоми Осиё-2026 оид ба футбол байни дастаҳои то 17-сола дар Арабистони Саудӣ маълум шуданд
Дастаи «Рахш»-и Восеъ ғолиби қисми ниҳоии Лигаи дуюми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол гардид






