Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ нақши Тоҷикистонро дар пешгирии қочоқи маводи нашъаовар муҳим арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 26.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26 феврал директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиел мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот Ҳабибулло Воҳидзода оид ба самтҳои фаъолияти Агентӣ ва вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.
Ҷонибҳо ҳамкории мутақобилан судманди дуҷонибаро дар доираи лоиҳаҳои барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин робита, Ленни Монтиел нақши Агентиро дар самти пешгирии қочоқи маводи нашъаовар муҳим арзёбӣ намуда, аз сатҳи хуби ҳамкории судманд дар самти мубориза, назорат ва пешгирии нашъамандӣ изҳори қаноатмандӣ кард.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ








Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид






