«ҶОМИ РУШД-2021». Бозии аввалини футболбозони навраси тоҷик бо дастаи мунтахаби Молдова мусовӣ анҷом ёфт

Февраль 8, 2022 15:12

ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи    Тоҷикистон оид  ба футбол    дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2022» дар  шаҳри  Мински Беларус бозии аввалинашро бо  дастаи мунтахаби  наврасони  Молдова бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом доданд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон. 

Дар ҳайати  дастаи мунтахаби  наврасони Тоҷикистон як голро Масрур Ғафуров ба нишон  расонид. Як голи дигарро молдовиҳо ба дарвозаи худ заданд. Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов бозии навбатии худро дар Ҷоми Рушд-2022   9  феврал бо ҳамсолонашон аз Беларус анҷом медиҳанд. Бозӣ соати 17:40 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Минск даҳ даста ширкат мекунад, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Хотиррасон мешавем, ки   дастаи мунтахаби наврасони  Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои  мунтахаби  наврасони «Беларус», «Қирғизистон», «Молдова»  ва   «Динамо-Минск» миёни  ҳам рақобат мекунад. Дар гурӯҳи «Б» дастаҳои мунтахаби  наврасони то 17-солаи  «Беларус»,  «Узбекистон»,   «Гурҷистон», «Исроил»  ва   «Минск»   байни ҳам мубориза мебаранд.

Дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ дар як давр миёни ҳам бозӣ мекунанд. Баъдан ғолибони гурӯҳҳо дар даври ниҳоӣ барои Ҷоми чемпионӣ ва дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ талош меварзанд. Дастаҳои боқимонда бо дарназардошти ҷойҳои ишғолкардаашон дар гурӯҳҳо дар бозиҳои плей-офф ширкат хоҳанд кард.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2022»

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

Беларус (U-16) – Қирғизистон (U-16) – 4:1

Молдова (U-16) – «Динамо-Минск» (U-17) – 0:1

Даври 2-юм

Тоҷикистон (U-16) – Молдова (U-16) – 2:2

Голҳо: Масрур Ғафуров, 13 (1:0). Давид Стоянов, 57 (1:1). Сергей Перчун, 61 (1:2). Кирилл Тап, 68 – ба дарвозаи худ (2:2).

«Динамо-Минск» (U-17) – Беларусь (U-16) – 2:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 Беларус (U-16) 2 2 0 0 7-3 6
2 «Динамо-Минск» (U-17) 2 1 0 1 3-3 3
3 Тоҷикистон (U-16) 1 0 1 0 2-2 1
4 Молдова (U-16) 2 0 1 1 2-3 1
5 Қирғизистон (U-16) 1 0 0 1 1-4 0

Гурӯҳи «Б»

Даври 1-ум

Исроил (U-17) – «Минск (U-17) – 5:0

Беларус (U-17) – Узбекистон (U-17) – 4:2

Даври 2-юм

Гурҷистон (U-17) – Исроил (U-17) – 0:3

«Минск» (U-17) – Беларус (U-17) – 0:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 Исроил (U-17) 2 2 0 0 8-0 6
2 Беларус (U-17) 2 2 0 0 5-2 6
3 Гурҷистон (U-17) 1 0 0 1 0-3 0
4 Узбекистон (U-17) 1 0 0 1 2-4 0
5 «Минск» (U-17) 2 0 0 2 0-6 0

Тақвими бозиҳои боқимондаи мусобиқа:

Даври 3-юм

9 феврал 

13:00 – Қирғизистон (U-16) – «Динамо-Минск» (U-17)

15:20 – Узбекистон (U-17) – «Минск» (U-17)

17:40 – Беларус (U-16) – Тоҷикистон (U-16)

20:00 – Беларус (U-17) – Гурҷистон (U-17)

Даври 4-ум

10 феврал 

13:00 – Қирғизистон (U-16) – Молдова (U-16)

15:20 – Узбекистон (U-17) – Исроил (U-17)

17:40 – «Динамо-Минск» (U-17) – Тоҷикистон (U-16)

20:00 – Гурҷистон (U-17) – «Минск» (U-17)

Даври 5-ум

12 феврал 

13:00 Тоҷикистон (U-16) – Қирғизистон (U-16)

15:20 – Гурҷистон (U-17) – Узбекистон (U-17)

17:40 – Молдова (U-16) – Беларус (U-16)

20:00 – Исроил (U-17) – Беларус (U-17)

13 феврал 

13:00 Бозӣ барои ҷойи 9-ум

14:00 Бозӣ барои ҷойи 7-ум

15:20 Бозӣ барои ҷойи 5-ум

16:20 Бозӣ барои ҷойи 3-юм

18:40 Финал

Ҳамаи  бозиҳо  ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

                                                                                                                                             АКС: ФФТ

Февраль 8, 2022 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд