Палатаи савдо ва саноат: Маҳсулоти ду ширкати Тоҷикистон ба бозори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ роҳ ёфтанд

Февраль 17, 2022 14:20

ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бори нахуст маҳсулоти хушкмеваи ватанӣ, аз ҷумла  ширкати содироткунандаи «Зардолу ва К» ва махсулоти аз санг коркардшудаи ширкати «Асрори Санг» ба бозори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ роҳ ёфтанд. Дар ин бора имрӯз Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ба доираи васеи хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Ҷамшед Ҷумъахонзода, Палатаи мазкур ҳамчун танзимгари  миллӣ барои дар сатҳи баланд иштирок намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии “Экспо 2020” дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ корҳои муҳимеро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, дар заминаи ин намоишгоҳ ду корхонаи болозикр имкон пайдо намуданд, ки маҳсулоти худро ба бозори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ворид созанд.

Зикр карда шуд, ки соли сипаригардида тибқи дархости вазорату идораҳо Палатаи марказӣ ва палатаҳои вилоятӣ дар ташкил ва баргузории 17 намоишгоҳҳои дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат намуда, иштироки зиёда аз 900 нафар соҳибкорони ватаниро ҳам ба таври ҳузурӣ ва ҳам маҷозӣ таъмин намудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2021 дар давлатҳои хориҷаи дуру наздик намояндагиҳои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикстон ба 10 нафар расонида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 3 нафар зиёд мебошад. Намояндагиҳо ба рушди робитаҳои мутақобилаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни ин давлатҳо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Ҷамшед Ҷумъахонзода иброз намуд, ки дар солҳои минбаъда Палата кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки намояндагиҳои худро дар дигар давлатҳои калидӣ низ дошта бошад.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО – 2020» муддати 6 моҳ: аз 1 октябри соли 2021 то 1 апрели соли 2022 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ амал мекунад.

Аз оғози кушодашавии павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин давра аз он зиёда аз 300 ҳазор нафар меҳмонон дидан намуда, бо фарҳангу нигораҳои таърихӣ, имконияти сармоягузориву сайёҳии кишвар, ҳайвонҳои нодир ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон шиносоӣ пайдо намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Февраль 17, 2022 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид