Полковник Гулнора Салимзода: «Ҳимояи марзу буми Ватан танҳо бар дӯши мардон нест…»
ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Аз таърихи давлатдории тоҷикон бармеояд, ки барои ҳимояи марзу буми Ватан дар баробари мардон саҳми занон низ кам нест. Аз ин ҷост, ки дар аксари навиштаҷоти олимону донишмандони тоҷик аз қаҳрамонӣ, далериву ҷасурӣ ва шуҷоати зани тоҷик ёдоварӣ шудааст. Мардонавор ҷангидан, ҷасорат ва матонати занони қаҳрамони миллатамон дар симои занони ҷасуру паҳлавон, амсоли Гурдофариду Бурондӯхт, Томирису дигар қаҳрамонзанон эҳсос мегардад.
Яке аз чунин занони шуҷои ватан дар замони соҳибистиқлолӣ полковник, муовини сардори шуъбаи назорат ва банақшагирии Раёсати ташкили сафарбарии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зане, ки 26 сол инҷониб дар сохтори ҳарбии мамлакат хусусан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, Гулнора Салимзода мебошад. Бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ин бонуи ҷасур суҳбат анҷом дод.
Гулнора Салимзода бо хушнудӣ изҳор дошт, ки «дар замони соҳибистиқлолӣ Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон ғамхории зиёд зоҳир намуда, мақому мартабаи онҳоро дар ҷомеа баланд бардоштаанд. Ба тасвиб расидани фармону қарорҳо, барнома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозад».
Бону Гулнора дар баробари дигар занони ҳарбӣ имрӯз бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ, бо муҳаббату самимияти модарона ва садоқати ватандорӣ дар баробари ҷавонмардон дар таъмини амнияти мамлакат саҳм мегузорад.
Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ агар яке аз ин бонувон бо садоқату самимияти ватандорӣ пайи таҳияи ҳуҷҷатҳои идорӣ бошад, дигаре бо дастони муъҷизакори хеш ба беморон шифо мебахшад ва сеюмин дар таъминоти ақибгоҳ ва дигаре дар таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ саҳм мегузорад. Агарчи фаъолият дар кор бо ҳуҷҷатҳо ба чашм сода менамояд, вале вазифаи ниҳоят ҳассос асту ҷиддият талаб мекунад. Гулнора, ки дар ҳамин ришта фаъолияташро пеш бурда истодааст, мегӯяд, ки баҳисобгириву қайди ҳуҷҷатҳои воридшуда ва талаби иҷрои он яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар идора маҳсуб меёбад. Хунукназарӣ нисбат ба он метавонад корро ба ақиб кашад ва ё аз асли маълумоти фиристондаи дигар ниҳодҳо роҳбарият бехабар бимонад, аз ин рӯ ҳамеша кӯшиш менамояд, ки ҳуҷҷатҳои воридгардидаро сари вақт омода намояд.
Ба ақидаи ӯ, ҳама кор ба худ мушкилӣ дорад, вале агар инсон дар ҷодаи интихобкардаи худ устувор бошад, аз ухдаи ҳама кор мебарояд.
Ин зани қавиирода бо ифтихор иброз медорад, ки дар тӯли 26 соли фаъолияти худ дар ҳама гузаштҳои низомӣ ҳамеша дар сафи пеш устуворона қадам мемонаду саҳми худро дар пешрафти миллату давлат ва таҳкими сулҳу субот мегузорад.
«Барои ман хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шараф аст. Ман, ки бо хоҳишу майли зиёд ин пешаро интихоб кардаам, аз он фахр мекунам. Зеро агар ин марзу бум ба мо имконияти таҳсил намудану соҳибкасб гардидан, дар ҷомеа нақш ва мартабаи хосса касб намудан дода бошад, пас бояд фахр намоем, ки дар баробари ҷавонмардон имрӯз дар таҳкими пойдории сулҳу субот ва муҳофизати марзу буми Ватани азизамон саҳми сазовор мегузорем»-, бо самимият изҳор медорад Гулнора Салимзода.
Дар аввал волидайн аз касби интихобнамудаи Гулнора розӣ набуданд. Бо мурури замон аҳли хонавода ҷасорату матонати ӯро дар фаъолияти кориааш пай бурда, ҳоло аз ӯ ифтихор мекунанд.
Гулнора Салимзода соҳиби ду фарзанд, аниқтараш соҳиби ду гулдухтари зебо аст, ки яке донишҷӯи Коллеҷи тиббӣ ва дигаре хонандаи муассисаи таҳсилоти миёна мебошад.
«Агар дар оянда ҳам фарзандон касби маро интихоб кунанд, албатта, розӣ мешавам, зеро ҳимояи марзу буми Ватан танҳо бар дӯши мардон нест, балки вазифа ва қарзи ҳар шаҳрванди ин диёр аст. Духтаронамро намедонам, аммо боварӣ дорам, ки набераам пайрави ман мешавад, зеро ҳар вақте ки ман либосҳои идонаи низомиамро ба хона мебарам, ӯ бо завқ нигоҳ мекунад. Камзӯли ман, ки вазни зиёд дошта, пур аз медалҳост, онро ба бар намуда, шеърҳои ватандӯстона мехонад», — посух дод ҳамсуҳбати мо.
Фаъолияти занон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои кулли хизматчиёни ҳарбӣ ва фарзандону ақрабо намунаи олии таҳаммулпазирӣ, инсондӯстӣ ва ахлоқи ҳамида мебошад. Боварӣ дорем, ки дар хонадони ҳар зан-бонуи низомӣ меҳру садоқат ва тартибу низом пайваста ҷорист. Ин аз фазилати бузургии модар сарчашма мегирад ва ба таълиму тарбияи фарзандон таъсири хуб мерасонад.
«Ман дар рӯзи ин ҷашни пуршукӯҳи Ватан- 29-уми солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба афсарони далеру муҳофизони шуҷои мамлакат дар ҳифзи амнияту осоиштагии Ватан хизмати софдилона ва ба тамоми бонувони Қувваҳои Мусаллаҳ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ нерую ҷасорат таманно дорем. Бигзор ҳамеша дар Тоҷикистони азизамон сулҳу ваҳдат ва меҳру муҳаббат пойдор бошад»,-иброз намуд Гулнора Салимзода.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон






