Ректори ДМТ: Аз 1 сентябр маоши кормандону омӯзгорони донишгоҳ 10 фоиз зиёд мегардад
ДУШАНБЕ, 1.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз оғози соли 2021 маоши кормандону омӯзгоронро дар ҳаҷми 10 % баланд намуд. Яъне дар баробари аз 1 июли соли 2022 зиёд шудани музди меҳнат дар ҳаҷми 20 фоиз, илова бар ин, бо пешниҳоди ректори донишгоҳ шурӯъ аз 1 сентябри соли 2022 маоши омӯзгорон дар ҳаҷми 10 %-и дигар баланд бардошта мешавад. Ин нуктаро ректори донишгоҳи мазкур, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвақтзода 31 январ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон баён дошт.
Зикр шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар омода намудани кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ ҳам барои донишгоҳ ва ҳам барои марказҳои илмии дигари дохилу хориҷи кишвар мусоидат менамояд. Аз ҷумла, соли гузашта 110 нафар аспирант, докторанти Ph.D ва унвонҷӯи донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ ва 16 нафар рисолаи доктории худро дар шӯроҳои ватаниву байнидавлатӣ ҳимоя карданд.
Яке аз дастовардҳои донишгоҳ дар соли сипаришуда- ин ишғол намудани ҷойи 241-ум миёни 450 донишгоҳи беҳтарину пешрафтаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мебошад, ки аз ҷониби ширкати бонуфузи британиягии «Quacquarelli Symonds (QS)» — Раддабандии донишгоҳхои ҷаҳонӣ муайян карда шудааст.
Чунин дастовардҳо дар таърихи соҳибистиқлолии кишварамон дар доираи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватанӣ аввалин буда, бешак, муаррифи дастовардҳои таҳсилу илми тоҷик ва донишгоҳ дар 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ммебошанд.
АКСҲО аз ДМТ








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






