Роҳбари навтаъйини Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ба Душанбе омад

Февраль 8, 2022 16:21

ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 7 феврал нусхаи эътимодномаи Намояндаи доимии навтаъйини Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ленни Монтиелро қабул кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ниҳод табодули афкор намуданд. Мусоҳибон ба татбиқи лоиҳаҳо мутобиқ ба талаботи кишвар, инчунин дурнамои ҳамкории минбаъда дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар анҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ аз сатҳи ҳамкории муштарак бо БРСММ изҳори қаноатмандӣ карда, ба мавсуф ҷиҳати пешбурди фаъолият дар соҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор комёбиҳо таманно намуд.

Маълумоти АМИТ «Ховар»:

Қаблан Ленни Монтиел ёвари Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иқтисодӣ дар департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буд. Қабл аз ин таъйинот 18 ноябри соли 2014 Монтиел ба сифати ёвари Котиби генералӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва рушд ифои вазифа менамуд.

Ленни Монтиел дар Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи рушд дорои таҷриба ва дониш васеъ мебошад. Вай бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҳамоҳангсози доимӣ дар Туркманистон ва мушовири калони техникӣ дар Ветнам ва Украина фаъолият кардааст. Монтиел дар Донишгоҳи Бирмингем таҳсил карда, дар он ҷо унвони доктори соҳаи сиёсати давлатӣ ва дар Институти хоҷагии халқи Беларус унвони магистранти иқтисодӣ  гирифтааст.

АКС: ВКХ ҶТ

Февраль 8, 2022 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумхурии Исломии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо амири минтақаи Қаcими Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳӣ ва осори бостонии Миср мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва FAO баррасӣ гардид
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои солҳои 2026–2028» ба имзо расид
Котиби кулли Конвенсияи Рамсар ба Конфронси 4-уми оби Душанбе даъват шуд
Дар Анқара масъалаи баргузории чорабиниҳои фарҳангию илмӣ барои соли 2026 дар Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Шараф Шерализода бо Роҳбари Дафтари Федералӣ оид ба кишоварзӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли идораи амвол ва биноҳои Вазорати корҳои хориҷии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқоти Сергей Лавров бо раисони кумитаҳои парламентҳои давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд