Сафири Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия эътимоднома супорид
ДУШАНБЕ, 18.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 феврал дар Қасри Белвю Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия Имомудин Сатторов ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер эътимодномаи худро супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар маросим Сафири Тоҷикистон паёму дуруд ва таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти федеролии Германия расонид.
Пас аз маросими эътимодномасупорӣ вохӯрии Президенти федеролии Германия бо Сафири навтаъйини Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, инчунин маҷмӯи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкории дуҷониба ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Франк-Валтер Штайнмаер Сафири Тоҷикистонро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик ва ба ӯ дар пешбурди фаъолияташ барору комёбиҳо таманно кард.
Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардид.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 14 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати муҷаддадан интихоб гардидан ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба Франк-Валтер Штайнмайер барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
«Мояи қаноатмандист, ки муносибатҳои байнидавлатии кишварҳоямон то имрӯз ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои нави созанда пайдо кардаанд.
Таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунарсаи судманд бо Олмон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад ва мо ба рушди пайвастаи онҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем.
Бо истифода аз фурсат изҳори умед менамоям, ки ба роҳ мондани мулоқоту тамосҳои сатҳи олии ду ҷониб ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав боло бурдани равобити неки кишварҳоямон мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард.
Ҷониби Тоҷикистон барои тақвияти ҳарчӣ бештари ин муносибатҳо саъю кӯшиши зарурӣ ба харҷ хоҳад дод.
Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатии комилу дар масири иҷрои вазифаҳои пурмасъулият пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Олмон – сулҳу амонӣ ва пешрафту саодат орзумандам», — омадааст дар барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
АКС: ВКХ ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






