Сироҷиддин Муҳриддин: «Мавқеи Тоҷикистон нисбат ба толибон* тағйир наёфтааст»

Февраль 2, 2022 12:30

ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба толибон* тағйир наёфтааст», — изҳор дошт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин.

Ба зикри  С. Муҳриддин, Тоҷикистон ҷонибдори зарурати таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки тамоми қавмҳо мебошад. Толибон бояд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷрои уҳдадории худро  оид ба  ба эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон воқеан нишон диҳанд.

«Мо интиқоли пайвастаи неруи барқро ​​ба вилоятҳои шимолии Афғонистон ва шаҳри Кобул идома медиҳем», — гуфт Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин зикр кард, ки Тоҷикистон зерсохторҳои логистикии худ, аз ҷумла 6 пул дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро барои интиқоли молҳои башардӯстона аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод мекунад. Дар айни замон бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор барои мардуми Афғонистон кумакҳои башарӣ  таҳия  шуда истодаанд.

Ба гуфтаи вазир, Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти мизони афзояндаи чолишҳо ва таҳдидҳо ҷиҳати таъмини амният ва ҳифзи марзҳои ҷанубӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

«Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон 3 ҳазор оилаи афғон, дар маҷмӯъ ҳудуди 15 ҳазор гурезагон ба сар мебаранд. Дар мавриди боз кардани марзҳо барои қабули гурезаҳои афғон мо сараввал таъмини амнияти дохилии кишварамонро ба инобат мегирем. Дар давраи нооромӣ дар Афғонистони ҳамсоя Тоҷикистон қаламрави худро ба шарикони хориҷӣ барои фиристодани шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони Афғонистон ба кишварҳои сеюм пешниҳод намуда буд», — иброз дошт С.Муҳриддин.

Ёдовар мешавем, ки пешниҳод дар бораи зарурати таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон бори нахуст аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 августи соли 2021 дар Душанбе зимни мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳмуд Қурейшӣ  садо дода  буд.

Сарвари давлати Тоҷикистон изҳор доштанд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи  зудтар як  ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ, пеш аз ҳама, тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.

_________________________

*Толибон — ташкилоти террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо

                                                АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2022 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд