Соли 2021 дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе 19 шаҳрванди хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд

Февраль 16, 2022 16:03

ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ 19 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе Рустам Ғаниев ба рӯзноманигорон хабар дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи комиссияи қабули соли 2021 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2421 довталаб барои дохил шудан ба Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуданд, ки дар муқоиса бо соли 2020 189 нафар камтар аст (соли 2020 — 2610 довталаб).

Бинобар иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷўён роҳбарияти филиал бо ризоияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов қабули иловагии дохилшавандагонро ба гурўҳҳои шартномавӣ эълон кард, ки вобаста ба ин имтиҳоноти дохилшавии иловагӣ бо усули анъанавӣ баргузор шуд. Аз рўйи натиҷаҳои қабули иловагӣ аз тарафи комиссияи қабул ба курси 1-ум ҳамагӣ 35 довталаб қабул шуд, ки аз онҳо 19 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Зикр гардид, ки арзёбии сатҳи талабот ҳангоми қабули донишҷўён ва сифати омодагии кадрҳои филиал аз натиҷаҳои интихоби довталабон ба муассисаи таълимӣ вобастагӣ дорад. Бо мақсади ҷалби васеи хатмкунандагони мактабҳо барои дохилшавӣ ба филиал соли 2021 оид ба самтгирии касбӣ кори бонизом ташкил карда шуд.

Дар назди филиал литсей, инчунин курсҳои тайёрӣ (муҳлати таҳсил — 8 моҳ) амал мекунанд, ки дар онҳо омодагии мақсадноки дохилшавандагон бурда мешавад. Аз ҷониби омўзгорони кафедраҳои «Илмҳои бунёдӣ ва табиӣ», «Фанҳои иҷтимоиву гуманитарӣ» ва «Забоншиносӣ» барои дохилшавандагон пайваста дастурҳои методӣ таҳия ва нашр карда мешаванд.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2022 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд