Соли 2021 дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 4 тонна маводи нашъаовар мусодира карда шуд
ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 тоннаю 83 кг 274 гр маводи нашъаовар мусодира карда шуд, ки дар қиёс ба соли 2020 68,4 фоиз ё 1 тоннаю 658 кг 36 гр зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода иттилоъ дод.
Мавсуф зикр намуд, ки аз ҷумла аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ – 2 тоннаю 29 кг 774 гр, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ — 1 тоннаю 663 кг 659 гр, Агентии назорати маводи нашъаовар – 357 кг 638 гр, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия – 30 кг 727 гр ва Хадамоти гумрук – 1 кг 121 гр маводи нашъаовар мусодира гардид.
«Соли 2021 дар муқоиса ба соли 2020 мусодираи маводи нашъаовари героин 2,1 маротиба зиёд ва афюн 24,7 фоиз коҳиш ёфта, мусодираи ҳашиш мутаносибан 2,3 маротиба афзоиш ва бангдона 10,4 фоиз коҳиш ёфтааст, — гуфт директори Агентӣ ва илова кард, ки соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамагӣ 106 кг моддаҳои психотропӣ мусодира шудаанд, ки нисбат ба соли 2020 2,4 маротиба ё 63 кг зиёд мебошад».
Ба иттилои ӯ, аз миқдори умумии моддаҳои психотропии мусодирашуда дар ҳудуди ҷумҳурӣ 53 кг 191 гр ё 50,3 фоиз ба Агентии назорати маводи нашъаовар тааллуқ дорад.
Илова бар ин Ҳабибулло Воҳидзода тазаккур дод, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 21 ҳазору 537 дона ҳабҳои синтетикӣ мусодира гардиданд, ки аз ин шумора 5 ҳазору 473 ҳабро Агентӣ мусодира намудааст.
Ҳамзамон дар ин давра кормандони Агентӣ як ҳолати муомилоти пулҳои қалбакиро ошкор карда, аз шаҳрванд Абдураҳмон Ҳамидов дар ҳаҷми 8600 доллари ИМА дарёфт ва мусодира намуданд.
Аз рӯи ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 281, қ.2 оғоз карда шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид






