Соли 2021 рушди иқтисоди Тоҷикистон 9,2 фоизро ташкил дод, ки нишондиҳандаи баландтарин дар 17 соли охир аст
ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ 98,9 млрд сомонӣ ва рушди воқеии он 9,2 фоизро ташкил дод, ки нишондиҳандаи баландтарин дар 17 соли охир ба ҳисоб рафта, созмонҳои байналмилалии молиявӣ низ рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2021 нишондиҳандаи баландтарин дар минтақа арзёбӣ намуданд,- гуфт Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода 2 феврал зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.
Ба гуфтаи Завқӣ Завқизода, рушди ММД асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 22 фоиз, кишоварзӣ 6,6 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 23,3 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 13 фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 39,5 фоиз ва дигар бахшҳо ба даст омадааст. Ба андешаи масъулин, нисбат ба соли 2020 рушди соҳаҳои иқтисод ба маротиб беҳтар гардидааст, зеро бо таваҷҷуҳ ба пандемияи Ковид-19 соли 2020 аксар соҳаҳои иқтисоди миллӣ рушди худро як андоза аз даст дода буданд.
Соли 2021 истеҳсоли меваҷот 26 ҳазор тонна ё 5,5 фоиз, истеҳсоли пахта 25,1 ҳазор тонна ё 1,8 фоиз коҳиш ёфтааст.
Истеҳсоли гӯшти паранда 44%, тухм 7,2 фоиз, истеҳсоли моҳӣ 23,2 фоиз нисбат ба соли 2020 афзоиш ёфтааст.
Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 39,5 фоиз ё 1 миллиарду 801,3 млн доллар афзоиш ёфта, дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи содирот то 34 фоиз баланд ва воридот 66 фоиз паст гардидааст.
Ба андешаи Вазири рушди иқтисод ва савдо, содироти мол 2 миллиарду 149,6 млн долларро ташкил намуд, ки нишондиҳандаи баландтарин дар таърихи соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Он нисбат ба соли 2020 ба андозаи 52,8 фоиз ё 742,7 млн доллар афзоиш ёфтааст, воридоти мол нисбат ба соли 2020 ба андозаи 33,6 фоиз зиёд гардидааст.
Ба иттилои вазир, вазни хоси содиротии кишвар асосан аз ҳисоби фурӯши металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо 41,7 фоиз, маъдану консентратҳо 16 фоиз, нахи пахта 9,4 фоиз, алюминийи аввалия 6,3 фоиз, қувваи барқ 4,5 фоиз, дигар металлҳои нимқиматбаҳо 4,1 фоиз, семент 2,1 фоиз, меваю сабзавот 1,7 фоиз ва дигар маҳсулот ташаккул ёфтааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






