Станислав Зас: СААД СММ-ро шарики асосии байналмилалии худ мешуморад

Февраль 17, 2022 13:24

ДУШАНБЕ, 17.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ба таҳкими нақши СММ дар ҷаҳон манфиатдор буда, созмони ҷаҳониро шарики асосии байналмилалии худ мешуморад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз, 16 феврал дабири кулли СААД Станислав Зас дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ изҳор намуд.

«Мо СММ-ро шарики асосии байналмилалии худ мешуморем ва ба таҳкими нақши созмони ҷаҳонӣ манфиатдор ҳастем», — гуфт дабири кулли СААД.

Ба гуфтаи ӯ, СААД ҷонибдори густариши минбаъдаи ҳамкории зиддитеррористӣ бо СММ мебошад. «Мо аз рушди ҳамкориямон бо Идораи мубориза бо терроризми СММ ва директори иҷроияи Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ, инчунин Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар чаҳорчӯби барномаҳои мавҷуда қаноатмандем. Мо тарафдори густариши минбаъдаи ин ҳамкориҳоем»,- гуфт Зас.

Ҳамчунин тавре ӯ гуфт, СААД барои иштироки неруҳои посдори сулҳи худ дар амалиёти амалкунандаи СММ кор бурда истодааст.

СААД ташаннуҷи бесобиқаи вазъ дар наздикии марзҳои ғарбиро мебинад ва умедвор аст, ки ин ҳолат ислоҳ хоҳад шуд, зикр намуд ӯ.

 

АКС: Арменпресс

Февраль 17, 2022 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд