«СУРУДИ САРБОЗ». Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон фестивал-озмуни мазкур оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳо миёни сарбозон, инчунин бо ҷалби қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳо ва муассисаҳои таълимии Вазорати мудофиаи мамлакат Фестивал-озмуни «Суруди сарбоз» оғоз гардид.
Тавре дар Вазорати мудофиа ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар фестивал муовини Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдусаттор Шоҳиён иброз намуд, ки чунин барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ миёни қисмҳои ҳарбӣ бо мақсади дарёфти истеъдодҳо, тарғиби хизмати ҳарбӣ ва тарбияи ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ ҳамасола гузаронида мешаванд.
Зикр гардид, ки аз ҷониби дастаҳои ҳаваскори қисму воҳидҳои низомӣ маҳорату малакаи хуби санъаткорӣ, рақсу сурудхонӣ, нотиқӣ, ба намоиш гузоштани рӯзномаҳои деворӣ, қироат намудани шеъру сурудҳои ватандӯстона ва ғайра намоиш дода шуда, ҳамзамон сарбозон аз иҷрои навохтани асбоби мусиқии мардумӣ ба хубӣ баромаданд.
Мазмуну мундариҷаи рўзнома ва суратрўзномаҳои деворие, ки ба озмун пешниҳод шуда буданд, ба ҳаёту фаъолияти қисмҳои ҳарбӣ, ҷуъзу томҳо ва муассисаҳои Вазорати мудофиа алоқаманд буданд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати мудофиа, қабл аз таҷлили 29-умин солгарди Артиши миллӣ миёни қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои гарнизонҳои Душанбе ва Хатлон Фестивал-озмуни «Суруди сарбоз» баргузор мегардад.
АКСҲО: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






