Таҳти унвони «Тоҷикон дар асарҳои шарқшиноси маҷористонӣ Арминий Вамберӣ» мизи мудаввари илмии маҷозӣ доир шуд

Февраль 11, 2022 16:15

ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикон дар асарҳои шарқшиноси маҷористонӣ Арминий Вамберӣ» ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон  мизи мудаввари илмии маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мизи мудаввар аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ Абдунабӣ Сатторзода, докторҳои илмҳои таърих Иброҳим Усмон ва Сановбар Воҳидова ва аз ҷониби Маҷористон доктори илмҳои таърих  Агнес Келеченӣ ва доктори илмҳои филологӣ Давид Кара иштирок карданд.

Суҳбати илмӣ роҷеъ ба тадқиқот дар бораи Осиёи Марказӣ (ОМ) аз ҷониби Арминий Вамберӣ, ки солҳои 1862-63 ба минтақаи ОМ сафар дошт, сурат гирифт. Аз ҷумла, Вамберӣ дар эҷодиёти худ забони тоҷикиро ҳамчун забоне шинохтааст, ки дар асри XIX ҳам нафосати аввалияи худ ва ҳам нафосати гуфтори ашъори Рӯдакиро нигоҳ доштааст.

Маълумоти АМИТ «Ховар»

Арминий Вамберӣ сайёҳ ва шарқшиноси маҷорӣ буд. Вай қобилияти аҷиби омӯхтани забонҳоро дошт. Дар  20-солагӣ бо талоши кашфи асли забони маҷорӣ ва дараҷаи робитаи он бо забонҳои туркӣ ба Константинопол меравад. А.Вамберӣ давоми будубошаш дар Туркия теъдоди қобили мулоҳизаи забонҳо ва лаҳҷаҳои шарқиро омӯхта, як қатор асарҳои забоншиносиро ба нашр расонидааст.

А. Вамберии ҷавон, ки аз падараш меҳри китобро ба мерос гирифта буд, баъдан пажӯҳишгар ва мутахассиси маъруфи Осиёи Марказӣ ва Миёна гардид. Вамберӣ, ки олими маъруф гардид, на танҳо як одами пешрафтаи замони худ, балки забоншинос, сиёсатмадор ва географи бузург низ буд. Вамберӣ дар баробари омӯхтани забонҳои туркӣ ва форсӣ забонҳои узбекӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва тоториро хуб медонист. Арминий Вамберӣ омӯзиши Осиёи Миёнаро дар назди худ мақсад гузошта буд.

АКСҲО: ВКХ ҶТ ва манбаъҳои боз

Февраль 11, 2022 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд