Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ нақши СААД-ро дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир муҳим арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ дар мавзӯи «Ҳамкории СММ ва созмонҳои минтақавӣ ва зерминтақавӣ дар дастгирии сулҳу амнияти байналмилалӣ: ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ» иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суханронӣ Ҷонибек Ҳикмат аз афзоиши терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва шаклҳои гуногуни ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ аз Афғонистон зуҳуркунанда изҳори нигаронӣ намуда, нақши созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла СААД-ро ҷиҳати таҳкими талошҳои СММ дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир муҳим арзёбӣ кард.
«Таҳдидҳои эҳтимолии амниятӣ зарурати ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории СММ ва СААД-ро тақозо мекунанд. Дар ин замина таҳияи абзорҳои ҳамкории СААД ва СММ дар мубориза бо кочоқи маводи мухаддир низ муҳим мебошад», — зикр намуд Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ.


Дар робита ба таҳкими сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон Намояндаи доимӣ аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон ёдовар шуда, барои татбиқи он ҷалб кардани СММ ва дигар созмонҳои байналмилалиро мувофиқи мақсад донист.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 25 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ-Чин, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карда, зикр намуданд, ки «Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон аст. Даъвати Созмони Милали Муттаҳидро ҷиҳати расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми Афғонистон ҷонибдорӣ менамоем ва то ҳадди имкон ба мардуми Афғонистон кумакҳои башарӣ мерасонем».
Сарвари Тоҷикистон афзуданд, ки фаъол шудани гурӯҳҳои террористиву ифротӣ дар қаламрави кишвари ҳамсоя нигаронкунанда мебошад.
«Дар ин замина мо барои таҳкими ҳифзи сарҳад бо Афғонистон тадбирҳои иловагӣ меандешем. Мо ҷонибдори таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ миёни мақомоти дахлдорамон ҳастем»,-иброз доштанд Эмомалӣ Раҳмон.
Қаблан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори таъсиси «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон шуда буданд, зеро дар ин кишвар амалиёти ҷангҷӯёни ДОИШ* шиддат мегирад.
АКСҲО: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






