Тоҷикистон ва Эрон ҳамкории фарҳангиро тақвият медиҳанд

Февраль 16, 2022 12:15

ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал дар Теҳрон мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Маҳдии Имонипур баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Мулоқоти мазкур ба муносибати ташрифи ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри давлатии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ ба Эрон ҷиҳати ширкат дар Ҷашнвораи байналмилалии театрии «Фаҷр» барпо шуд.

Ҷониби эронӣ аз ташрифи ҳунармандони тоҷик изҳори хушнудӣ карда, ба намоишҳое, ки аз ҷониби ҳунармандони тоҷик пешкаши тамошобинони эронӣ гардиданд, баҳои баланд дод.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкории фарҳангии мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Эрон табодули назар карданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, аз 10 то 16 феврал дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон  Фестивали 40-уми байналмилалии театрии «Фаҷр» доир мегардад, ки дар он ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

Дар ҷашнвораи мазкур  Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ намоиши «Фирдавсӣ»-ро аз рӯи асари Сотим Улуғзода ва Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ намоиши «Лаъли Бадахшон»-ро аз рӯи асари Ҷумъа Қуддус манзури тамошобинони хориҷӣ гардониданд.

Тибқи барномаи ҷашнвора, театрҳои Тоҷикистон 12-13 феврал намоишҳои хешро пешниҳод намуданд.

 

АКС: ВКХ ҶТ

Февраль 16, 2022 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд