Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ раванди татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Мудири минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Кассандра Колберт баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти Корпоратсия дар Тоҷикистон, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак, густариши ҳамкории баъдӣ дар соҳаи сайёҳӣ, нассоҷӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 11 ноябри соли 2021 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Созишнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ҳадафи созишнома — беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба сармоягузорон, баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, нассоҷӣ ва дастрасӣ ба бозор, беҳтар намудани низоми санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ, инчунин ҷорӣ намудани низоми электронии хизматрасониҳо барои соҳибкорон, хусусан махзани ягона оид ба санҷишҳо ва иҷозату иҷозатномаҳо мебошад.
Зимни татбиқи ин санад Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ бо мақомоти соҳавӣ, аз ҷумла Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноати нассоҷӣ ва дастрасӣ ба бозор, беҳтар намудани низоми санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ, инчунин ҷорӣ намудани низоми электронии хизматрасониҳо барои соҳибкорон мунтазам ҳамкорӣ менамояд.
АКС: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






