Тоҷикистон ва Кувайт мубодилаи таҷриба байни мутахассисонро баррасӣ намуданд

Февраль 7, 2022 15:30

ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири умури иҷтимоӣ ва рушди ҷомеъа ва Вазири давлатӣ оид ба корҳои маскунсозӣ ва ободонии Давлати Кувайт Муборак Зайд ал-Урв ал-Мутайрӣ 6 феврал  мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ байни муассисаҳои рушди иҷтимоии ду кишвар, инчунин мубодилаи таҷриба байни мутахассисон дар ин самт баррасӣ гардид.

Бояд таъкид намуд, ки 7 декабри 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб Марван Абдуллоҳ-ал Ғонимро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи имрӯзаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистон бо Давлати Кувайт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре иттлооъ дода шуд, саҳми Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисодии кишварҳои араб дар маблағгузории як қатор лоиҳаҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла амалӣ намудани 5 лоиҳа дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ки аз соли 2001 сурат мегирад, назаррас арзёбӣ гардид.

Инчунин ҷиҳати рушду густариши ҳамкориҳо дастгирии баргузории Форумҳои соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт, намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзию саноатӣ муштарак зарур шумурда шуд.

АКС: ВКХ ҶТ

Февраль 7, 2022 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд