Толибилмони «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи «Teeneagle»-и Лондон иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 28.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 31 июл то 7 августи соли 2022 дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондон даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии «Teeneagle» баргузор мегардад, ки дар он 21 нафар толибилмони «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд низ ширкат меварзанд. Дар ин бора директори Литсейи мазкур Сурайё Негматова ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки даври интихобии олимпиадаи байналмилалии «Teeneagle» аз фанни забони англисӣ 12 феврали соли равон ба тариқи онлайн сурат гирифт. Тибқи иттилои кумитаи тадорукоти озмун, дар даври муқаддамотӣ 21 нафар хонандагони «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд ғолиб омада, ба даври финалии озмун, ки дар пойтахти Англия — шаҳри Лондон баргузор мегардад, роҳхат гирифта, ба таври ҳузурӣ иштирок менамоянд.
Ба иттилои директори «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Негматова, дар натиҷаи ҷамъбасти даври интихобии озмун хонандагони Литсей ба гирифтани 1 медали тилло, 4 нуқра ва 16 биринҷӣ шарафёб гардиданд.
Толибилмони «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд дар 6 моҳи соли таҳсили 2021-2022 дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар кишвари Амрико, Италия, Чин, Англия, Олмон, Туркия, Таиланд, Федератсияи Русия, Мексика ва Фаронса ҳузурӣ ва фосилавӣ иштирок намуда, соҳиби 212 медал, аз ҷумла, 81 тилло, 57 нуқра ва 74 биринҷӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии «Teeneagle» дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондон баргузор гардида, ғолибони мақоми аввал, дуюм ва сеюм тибқи низомномаи озмун ҷиҳати ройгон идома додани таҳсил дар 12 донишгоҳи бонуфузи Англия роҳхат ба даст меоранд.
Дар олимпиадаи мазкур 30 ҳазор нафар аз беш аз 90 кишвари олам ширкат меварзанд.
АКС: Литсей барои хонандагони болаёқат дар ш. Хуҷанд








Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






