Қудрат Давлатзода: «Бунёди устохонаи Лу Бан дар Тоҷикистон бузургтарин дар минтақаи Осиёи Миёна хоҳад буд»

Февраль 1, 2022 13:10

ДУШАНБЕ, 01.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли сипаригардида дар заминаи ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин тасмим гирифта шуд, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ устохонаи Лу Бан бунёд гардад, ки он дар минтақаи Осиёи Миёна аввалин устохонаи чунин сохт ба шумор меравад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Қудрат Давлатзода хабар дод.

Ба гуфтаи мавсуф, барои таъсиси ин устохона донишгоҳ тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ дод, то он дар Тоҷикистон бунёд карда шевад.

«Бо тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мо тамоми воситаҳоро истифода бурда, шароит муҳайё намудем, то он дар ҷумҳурии мо ба истифода дода шавад. «Озмоишгоҳ -устохонаи мазкур дар доираи Ёддошти тафоҳуме, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чин 4 январи имсол ба имзо расида буд, асосан барои мутахассисоне, ки Донишгоҳи техникӣ дар самти сохтмон омода мекунад, нигаронида шудааст. Он дар наздиктарин муҳлат ба истифода дода шуда, дар самти омодасозии мутахассисони варзидаи соҳаи сохтмон нақши муассир хоҳад бозид»,-зикр намуд  Қудрат Давлатзода.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати таҳия ва васеъ истифода намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мамлакат Стратегияи миллии «зеҳни сунъӣ» таҳия ва татбиқ карда шавад. Бо таваҷҷуҳ ба дастури Пешвои миллат ва рушди бесобиқаи илму техника, дарёфт ва рушди малакаи зеҳнии донишҷӯёни лаёқатманд пешниҳод гардидааст, ки дар донишгоҳ Маркази зеҳнии сунъӣ таъсис дода шавад. Ба иттилои масъулин, корҳо дар ин самт ҷараён доранд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар рейтинги байналмилалии Вебометрикс Ренкинг оф Волд Юниверсити бо нишондиҳандаҳои баландтарин дар байни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи аввалро ишғол намуд. Дар арсаи ҷаҳон донишгоҳ мавқеи худро дар қиёс ба соли қаблӣ 3734 зина боло бурд.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2022 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд