Ҳунарманди нотакрор ва ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик Аловуддин Абдуллоев даргузашт

Февраль 17, 2022 10:11

ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик ва сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Аловуддин Абдуллоев дар синни 57 аз олам даргузашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аловуддин Абдуллоев 15 майи соли 1965 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Ҳунарманд соли 1989 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро хатм карда,  корро дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қурғонтеппа оғоз намуд. Ӯ дар ин ҷо ба унвони ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият кор карда, чандин солҳо роҳбарии ин театрро бар дӯш дошт.

А. Абдуллоев барои нақшҳои мондагор ва хидматҳои пурарзиш соли 2006 бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон  ва соли 2013 бо унвони  Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Аловуддин Абдуллоев дар намоишҳои театрии  «Моҷарои имтиҳон», «Антигона», «Табиби зӯракӣ», «Бозиҳои манфиатҷӯёна», «Ҳиллаҳои Аҷузкампир», «Аршин мол-олон», «Лаку Пак», «Шаби гирифтани моҳ», «Давлати Сомониён», «Найрангҳои Скапен», «Масал бигӯ, Эзоп» нақшҳои марказиро бозидааст.

Ҳамчунин ҳунарманд дар филмҳои  «Братан», «Падари маҳтобӣ», «Туҳмат», «Чоҳ», «Қиёми рӯз», «Шоҳид» ва «Интихоби ман», филмҳои телевизионии «Дар орзуи падар», «Боғоч», «Фарзандони бегона», «Қарзи виҷдон», силсилафилми «Хуррамдиёр» ва ғайра низ нақшҳои мондагор офаридааст.

Ҳунарманди маъруф бо таҳияи барномаи «Шӯхиҳои Аловуддин», ки тайи 10 соли охир дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон нашр мегардид, миёни тамошобини тоҷик аз маҳбубияти хос баҳравар буда, ҳаводорони ҳунараш рӯз то рӯз меафзуданд.

 

АКС: манбаъҳои боз

Февраль 17, 2022 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид