Варзишгарону мураббиёни Суғд барои дастовардҳо дар соли 2021 қадршиносӣ шуданд

Февраль 1, 2022 13:04

ДУШАНБЕ, 01.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими қадршиносии варзишгарону муррабиёне, ки соли 2021 соҳиби нишондиҳандаҳои назаррас шудаанд, доир гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо варзишгарону мураббиён иброз дошт, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва варзишгарон аз ҷониби давлату ҳукумат заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Дар ин давра, дар самти дастгирии ҷавонон ва варзишгарон санадҳои муҳими давлатӣ қабул шуда, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян гардиданд. Қабул гардидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» собит сохт, ки Ҳукумати мамлакат аз оғози фаъолият дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия ва ба камол расондани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисобид.

Давоми соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  67 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 1 варзишгоҳ, 49 майдонча, 15 толор, 1 ҳавзаи шиноварӣ ва 1 маҷмааи варзишӣ бо сарфи беш аз 37,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва дигар сарчашмаҳо мавриди истифода қарор гирифтанд. Тибқи нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишӣ барои соли 2021 104 мусобиқаву чемпионати вилоятӣ баргузор гардид, ки дар онҳо беш аз 8 ҳазору 750 нафар варзишгарони вилоят, аз ҷумла 2 ҳазору 130 нафар духтарон, инчунин дар 137 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 3982 варзишгар, аз ҷумла 763 нафар бонувон иштирок намуда, ба гирифтани 815 медали тилло, 717 медали нуқра ва 921 медали биринҷӣ сазовор гардиданд.

Ҳамзамон варзишгарони вилоят Комроншоҳи Устопириён дар чемпионати Осиё ва Гранд слем оид ба намуди гӯштини дзюдо ҷойҳои дуюм ва сеюм, Абдураҳим Ёқубов, Муҳаммад Ҷабборов, Искандарбек Рустамов ва Бибиҷон Музаффарова оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон ҷойҳои сеюм, Мавзуна Азимова дар мусобиқаи байналмилалӣ ва Гран-при оид ба камонварӣ ҷойи сеюм, Амирҷон Бобоҷонов ва Абдусаттор Ғафуров дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ ҷойҳои дуюм ва сеюм, Ҳамроз Раҷабов дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини самбо ҷойи якум, Илҳом Турсунов ва Наимҷон Ҳабибуллоев дар Чемпионати Осиё оид ба дастхобонӣ байни варзишгарони имконияташон маҳдуд ҷойҳои якум ва дуюм, Фотима Гадоева дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу байни ҷавонон ҷойи дуюм, Беҳрӯз Гулмаҳмадзода, Кароматулло Қурбонов, Меҳроҷ Рабиев ва Шероз Очилов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ ҷойи сеюмро сазовор гардида, Парчами давлатии Тоҷикистонро дар толору майдонҳои бузурги ҷаҳон парафшон карданд.

Дар хатми ҷамъомад ба ғолибону ҷоизадорон ва устодону мураббиён Сипоснома ва туҳфаҳои пулии Раиси вилоят супорида шуданд.

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Февраль 1, 2022 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2025 ба таври арзанда ҷамъбаст намуд
Хонандаи тоҷик ғолиби Ҷоми Осиё оид ба таэквондо ITF гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоӣ бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ рақобат менамояд
Мусобиқаи байналмилалӣ — Ҷоми ҷаҳон оид ба велосипедронии кӯҳӣ «Eliminator Mountain» баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Ҷоми ҷаҳон оид ба велосипедронии кӯҳӣ баргузор мегардад
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025 шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври сеюм бо тими Эрон бозӣ менамояд
Ғолибони Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Хуросон муайян шуданд
Дар Душанбе ниммарафони XV байналмилалӣ баргузор мешавад
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо роҳбарият ва фан-клубҳои дастаҳо ҷаласаи васеи корӣ доир намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Узбекистон бозии дӯстона анҷом медиҳад
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон барои мусобиқаи Dushanbe Grand Slam-2025 муайян гардид