Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қариб 600 нафар шаҳрвандони Афғонистонро ба таҳсил фаро гирифтааст
ДУШАНБЕ, 05.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии «Сомониён»-и шаҳри Душанбе 380 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин 315 нафар шаҳрвандони ин кишвар дар 25 муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон таҳсили худро идома дода истодаанд. Чунин изҳори назар намуд Вазири мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода зимни нишасти матбуотии ниҳодаш ба хабарнигорони воситаҳои ахбори омма.
«Аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои таҳсилотӣ ҳамеша ин хонандагону донишҷӯён гарм истиқбол гирифта мешаванд ва мо онҳоро дастгирӣ дорем. Ҳамарӯза на камтар аз 5-6 нафар шаҳрвандони ин кишвар доир ба масъалаи ҷойи зист, пардохти шартномаи донишгоҳ, бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо муроҷиат менамоянд ва мо дар доираи имконият ба онҳо кумак мерасонем»,- иброз дошт Муҳаммадюсуф Имомзода.
Ғайр аз шаҳри Душанбе ҳамчунин дар шаҳрҳои Бохтар, Ваҳдат, Ҳисор, Хоруғ, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷаббор Расулов шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, гуфта шуд дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.
«Бо пешниҳоди Вазорати маориф ва дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар он мактабҳое, ки шаҳрвандони ин кишвар таҳсил мекунанд, созмони мазкур кумак расонида истодааст»,-иттилоъ дод Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ.
Дар мавриди ба кор қабул кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хусусан ба ҳайси омӯзгори забони хориҷӣ Вазири маориф ва илми мамлакат гуфт, ки агар онҳо ҳуҷҷати расмӣ дошта бошанд, яъне хатмкардаи донишгоҳ бошанд, ҳатман ба кор қабул карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2021 аз ҷониби Созмони «Spirit of America» дар шарикӣ бо Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои фаъолияти мактаби афғонии «Сомониён» дар 12 моҳи оянда беш аз 80 000 доллар сармоягузорӣ гардид.
Дар натиҷаи ин маблағгузорӣ дари ин муассисаи таълимӣ барои донишомӯзон аз ҷомеаи паноҳандагони афғони муқимӣ дар Тоҷикистон боз карда шудааст.
Мактаби «Сомониён», воқеъ дар шаҳри Душанбе соли 2000 аз ҷониби Вазорати маорифи Афғонистон таъсис ёфта, дар он хонандагони аз синни томактабӣ то синфи 11 таҳсил мекунанд. Ин ягона мактаб дар Тоҷикистон аст, ки барномаҳои таълимии Афғонистонро бо забони тоҷикии дарӣ пешниҳод мекунад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






