ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: Шоҳида Маҳмадҷонова барои ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст

Февраль 9, 2022 13:47

ДУШАНБЕ, 09.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нисбат ба шаҳрванд Маҳмадҷонова Шоҳида Давлатҷоновна ( 15 апрели соли 1977 таваллуд шудааст, сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Хуросон, бинои 16, ҳуҷраи 20) тибқи талаботи моддаи 307,  иловаи 3,  қисми 2 -и (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст, хабар медиҳад  АМИТ  «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки фарзанди дастгиршуда Маҳмадҷонов Шерзод Тулфорович блогер ва ё ин ки опозитсионер набуда, балки барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

Барои ташкили вохӯрии дастгиршуда бо пайвандон шароит фароҳам оварда шуда, барои қабул ва таъмини ғизо мушкилӣ ҷой надорад.

Гумонбаршуда Маҳмадҷонова Ш. аз ҳамаи ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, аз ҷумла аз ҳуқуқ ба ҳимоя, раддия изҳор намудан ба дигар ҳуқуқҳо бархурдор мебошад.

 

Акс: ВКД ҶТ

Февраль 9, 2022 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид