Маликшо Неъматзода бо Қудратилло Рафиқов ва Сергеус Гловатскас барои ҳамкории минбаъда суҳбати телефонӣ анҷом дод

Март 31, 2022 16:49

ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (ФИКМТ) Маликшо Неъматзода бо раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Узбекистон Қудратилло Рафиқов ва  мудири бахши кор бо меҳнаткашони Бюрои ташкилоти байналмилалии меҳнат (МОТ) оид ба Аврупо ва Осиёи марказӣ Сергеус Гловатскас суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ФИКМТ хабар доданд.

Зимни суҳбат ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки саҳми Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва густариши шарикии иҷтимоӣ байни ҳукуматҳо, иттифоқҳои касаба ва корфармоён назаррас буда, санадҳои қабулкардаи он дар шакли конвенсия ва тавсияҳо ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд. То ин муддат аз ҷониби Тоҷикистон 51 конвенсия ва 22 тавсияи Ташкилоти байналмилалии Меҳнат пазируфта шудааст.

Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2021 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон миёни федератсияҳои иттифоқҳои касабаи ду кишвари ҳамсоя- Тоҷикистону Узбекистон мемореандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунии ҳамкорӣ табодули назар карда, ҷиҳати вусъати ҳамкории минбаъда омодагии комилашонро изҳор доштанд.

Суҳбат дар фазои ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ ҷараён гирифт.

Акс: ФИКМТ

Март 31, 2022 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид