28 нафар хонандагони тоҷик ба олимпиадаи «ISTEM» роҳхат гирифтанд

Март 28, 2022 11:23

ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 48 нафар толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд 28 нафари он ба даври финалии олимпиадаи бонуфузи «ISTEM», ки 19-24 июли соли равон дар шаҳри Франкфурти  Олмон баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд, иттилоъ дод корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки даҳаи дуюми моҳи феврали соли равон даври муқаддамотии олимпиадаи бонуфузи «ISTEM» тариқи фосилавӣ аз фанни математика бо забони англисӣ баргузор гардид, ки дар он 48 нафар толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

Ҳафтаи ҷорӣ аз ҷониби кумитаи тадорукоти озмун натиҷаи бадастовардаи хонандагони болаёқат расман эълон гардид. Дар натиҷаи ҷамъбасти даври муқадамотӣ ба 28 нафар хонандагони ин боргоҳи таълимӣ муяссар гардид, ки ба даври финалии озмун, ки 19-24 июли соли равон дар шаҳри Франкфурти кишвари Олмон баргузор мегардад, роҳхат гиранд. Дар ин олимпиадаи бонуфуз беш аз 8000 нафар хонандагон аз 96 давлати дунё иштирок меварзанд.

Ба иттилои маъмурияти Литсей барои хонандагони болаёқат  дар шаҳри Хуҷанд, дар соли хониши 2021-2022 хонандагони литсей бори сеюм аст, ки тариқи ҳузурӣ дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ иштирок мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки баъд аз беҳтар шудани вазъи пандемия нахустин бор хонандагони Литсей тариқи ҳузурӣ дар олимпиадаи ҷаҳонии «Дониш»- и Туркия иштирок намуда, бо ба даст овардани 100 хол аз 100 холи имконпазир рекорди олимпиадаи мазкурро гузоштанд.

Моҳи январи имсол дар олимпиадаи «Коперникус» дар шаҳри Техаси кишвари Амрико 6 нафар хонандагони Литсей ҳузурӣ иштирок намуда, ҷоми даставиро аз фанни физика ба даст оварда, соҳиби 6 медали нуқра ва биринҷӣ гардида буданд.

 

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Март 28, 2022 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид