Ҳайати Тоҷикистон дар 9-умин Форуми ҷаҳонии об иштирок намуд

Март 23, 2022 14:20

ДУШАНБЕ, 23.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 март ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва узвияти муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва роҳбари Котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (6-9 июни 2022 дар Душанбе) Султон Раҳимзода дар маросими ифтитоҳи 9-умин Форуми ҷаҳонии об, ки то 26 марти соли 2022 дар шаҳри Дакари Ҷумҳурии Сенегал идома меёбад, иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Сенегал ҷаноби Макки Салл зимни суханронии худ аҳаммияти натиҷаи 9-умин Форуми ҷаҳонии об ва нақши Конфронси дуюми оби Душанберо,  ки 6-9 июни 2022 доир мешавад, дар раванди омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (22-24 марти 2023, Ню-Йорк), ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор мегардад, қайд намуд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни суханронӣ дар ҷаласаи вазирон иштирокдоронро дар бораи омодагӣ ба Конфронси дуюми оби Душанбе таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” шинос карда, аҳаммияти онро ҳамчун чорабинии ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об таъкид намуд.

Дар паёмҳои худ Императори Япония Наруҳито, Президенти Комиссияи Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйн ва роҳбарони кишварҳои иштирокдор нақши Конфронси оби СММ-ро дар баррасии масоили об дар сатҳи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон боиси ба гунаи хос муаррифӣ шудани кишвар дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.

Маросими ифтитоҳи чорабинӣ бо иштироки президентҳои Мавритания, Гвинея-Бисау, Эфиопия, Ҷумҳурии Конго, муовини Президенти Гамбия, роҳбари Шӯрои ҷаҳонии об, Бонки ҷаҳонӣ ва вазирони соҳавии кишварҳои хориҷӣ доир гардид.

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Март 23, 2022 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд