Ҳайати Тоҷикистон дар Иҷлосияи 65-уми Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир дар шаҳри Вена иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар Иҷлосияи 65-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар дар шаҳри Венаи Австрия иштирок дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Иҷлосия аз 14 то 18 март дар қароргоҳи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ баргузор гардида, дар он вазирон ва роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СММ дар шакли омехта (ҳузурӣ ва маҷозӣ) иштирок менамоянд.
Дар рӯзи аввали иҷлосия аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода вобаста ба вазъи маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ дар соли 2021, пешравиҳо ва проблемаҳои кишвар дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ маърӯза намуд.
Ҳамзамон зимни маърӯза директори Агентӣ дар бораи хатари нигаронкунандаи паҳншавии маводи нашъадори навъи синтетикӣ ва моддаҳои психотропӣ, усулҳои нави фурӯши ин мавод тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, афзоиши қоҷоқи маводи нашъаовар ба Тоҷикистон баъди ба сари ҳокимият омадани ҳаракати «Толибон»* ва дар ин робита таҳким бахшидани сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон изҳори назар карда, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба ҳамкорӣ ва дастгирии мақомоти ваколатдори кишвар даъват намуд.
Ҳамчунин дар ҳошияи иҷлосия Ҳабибулло Воҳидзода бо роҳбари ҳайати ИМА мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот якчанд масъалаҳои мубрам, аз ҷумла таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории Агентӣ бо Маъмурияти мубориза бо маводи нашъаовари Вазорати адлияи ИМА дар Осиёи Марказӣ, барқарор намудани Дафтари ДЕА дар Тоҷикистон ва маблағгузории кормандони Агентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати густариши ҳамкории дуҷониба дар самти назорати маводи нашъаовар иброз доштанд.
АКСҲО: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ
__________________
* Ҳаракати террористӣ, ки дар Тоҷикистон ва дигар мамолики ҷаҳон мамнуъ эълон карда шудааст








Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид






