Ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийск-Юграи Русия тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 март мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини Губернатори ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийск-Юграи Федератсияи Русия Алексей Забозлаев баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суҳбат ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийск-Юграро баррасӣ карданд.
Зарурати густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҷалби сармоя, инчунин таъсиси корхонаҳои муштарак таъкид гардид.
Ҳамзамон маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, ба вежа соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла омода намудани мутахассисони баландихтисос, инчунин татбиқи лоиҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
А. Забозлаев ҷониби Тоҷикистонро барои иштирок дар IT-форум, ки баргузории он 7-9 июни соли равон дар ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийск-Югра ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд.
Дар фарҷоми мулоқот мусоҳибон ҳавасмандии худро баҳри таҳкими ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Ханти-Мансийск-Югра изҳор карданд.
АКС: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






