Ҳамкории осорхонаҳои Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 03.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 март дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода бо директори Осорхона-мамнӯъгоҳи муҷтамаи давлатии таърихию меъморӣ ва санъати Самарқанд Самариддин Мустафоқулов шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Шартномаи мазкур дар доираи сафари хизматии директори Осорхона ва кормандони он ба Узбекистон ва иштироки онҳо дар вохӯрии чоруми Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳи сайёри «Мероси муштараки Роҳи Абрешим», ки 3-4 март дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, ба имзо расид.
Намоишгоҳи мазкур дар чаҳорчӯби лоиҳаи сесолаи Иттиҳоди Аврупо ва ЮНЕСКО зери унвони «Долонҳои мероси Роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон — ҷанбаҳои байналмилалии Соли мероси фарҳангии Аврупо» ташкил мешавад.
Ҳадафи ба имзо расонидани шартнома — ин густариши ҳамкории осорхонаҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла ҳамкории илмӣ ва иштирок дар чорабиниҳои гуногун мебошад. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ин осорхона махсусан дар самти илм шароит фароҳам меорад, ки дастовардҳои илмии осорхонаҳои ҳамдигар истифода ва дар рушди самтҳои дигари фаъолияти осорхонаҳо саҳми назаррас гузошта шавад.
Бояд гуфт, ки Осорхона-мамнӯъгоҳи муҷтамаи давлатии таърихию меъморӣ ва санъати Самарқанд соли 1874 таъсис ёфта, 8 осорхона, 6 ёдгории таърихӣ ва 4 зиёратгоҳро дар бар мегирад. Фонди осорхонаи мазкур беш аз 210 000 нигора дорад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд






