Ҳамкории осорхонаҳои Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад

Март 3, 2022 11:26

ДУШАНБЕ, 03.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 март  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода бо директори Осорхона-мамнӯъгоҳи муҷтамаи давлатии таърихию меъморӣ ва санъати Самарқанд Самариддин Мустафоқулов шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Шартномаи мазкур дар доираи сафари хизматии директори Осорхона ва кормандони он ба Узбекистон ва иштироки онҳо дар вохӯрии чоруми Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳи сайёри «Мероси муштараки Роҳи Абрешим», ки 3-4 март дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, ба имзо расид.

Намоишгоҳи мазкур дар чаҳорчӯби лоиҳаи сесолаи Иттиҳоди Аврупо ва ЮНЕСКО зери унвони «Долонҳои мероси Роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон — ҷанбаҳои байналмилалии Соли мероси фарҳангии Аврупо» ташкил мешавад.

Ҳадафи ба имзо расонидани шартнома — ин густариши ҳамкории осорхонаҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла ҳамкории илмӣ ва иштирок дар чорабиниҳои гуногун мебошад. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ин осорхона махсусан дар самти илм шароит фароҳам меорад, ки дастовардҳои илмии осорхонаҳои ҳамдигар истифода ва дар рушди самтҳои дигари фаъолияти осорхонаҳо саҳми назаррас гузошта шавад.

Бояд гуфт, ки Осорхона-мамнӯъгоҳи муҷтамаи давлатии таърихию меъморӣ ва санъати Самарқанд соли 1874 таъсис ёфта, 8 осорхона, 6 ёдгории таърихӣ ва 4 зиёратгоҳро дар бар мегирад. Фонди осорхонаи мазкур беш аз 210 000 нигора дорад.

 

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Март 3, 2022 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид