Ҷашни Наврӯзро дар Истанбул ботантана таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 март бо ташаббуси Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он тақрибан 300 нафар шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷики муқими кишвари иқомат ширкат варзиданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУДОВА хабар медиҳад.
Ҳамоиши мазкур пас аз садо додани сурудҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия бо суханони ифтитоҳии Консули генералии Тоҷикистон дар Истанбул Мурод Саидзода оғоз гардид.
Консули генералӣ ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, зикр намуд, ки “мо ифтихор дорем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо ташаббуси сарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бузурги аҷдодиамон мақоми байналмилалӣ касб намуд ва ин ойини деринаи ниёгонамон ҳар сол дар саросари мамлакат ва берун аз он бо иштироки тамоми ҳамватанонамон таҷлил мегардад. Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мо – ворисони ин ҷашни бостониро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз ин ойини дерина, барои минбаъд эҳё намудану ривоҷ додани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангии он бештар кӯшиш намоем ва ҷиҳати ба аҳли башар боз ҳам беҳтар муаррифӣ намудани фазилатҳои инсонпарваронаи Наврӯз пайваста саъю талош варзем.”
Ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Истанбул бахшида ба ҷашни Наврӯзи хуҷастапай аз ҷониби Консулгарӣ мусобиқаи футбол байни шаҳрвандони тоҷики муқими Истанбул доир гардид, ки дар он 7 даста иштирок намуд. Мусобиқа ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян карда шуданд. Дар ин ҷашн аз ҷониби Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони 3 дастаи аввал ҷоизаю сипосномаҳо супорида шуданд. Ҳамзамон дар ҳошияи барнома ба як гурӯҳ шаҳрвандони фаъоли тоҷики муқими Истанбул сипосномаҳо “Барои саҳмгузорӣ дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ-фарҳангӣ дар хориҷи кишвар” тақдим гардиданд.
Инчунин дар маҳфил гӯшаи фарҳангӣ бо дастархони наврӯзӣ, ки дар он хӯрокҳои миллии кишвар бо суманак гузошта шуда буданд, манзур гардид, то шаҳрвандон ва меҳмонон аз он дидан намуда, худро дар Ватан эҳсос намоянд.
Ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар сатҳи олӣ таҷлил гардида, дар ин ҷамъомад санъаткорони кишвар, аз ҷумла овозхон ва фалаксарои овозадори тоҷик, оҳангсози суннатӣ, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Давлатманд Холов, овозхонони маъруф Дилшоди Файзулло ва Зулайхо Маҳмадшоева бо сурудҳои Ватан, Наврӯз ва ғайра табъи меҳмонону шаҳрвандонро боз ҳам болида сохтанд.
Дар фарҷоми барнома якҷо бо шаҳрвандон, санъаткорону ҳунармандон ва намояндагони Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул аксҳои хотиравӣ гирифта шуданд.
АКСҲО аз муаллиф













ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид






