ҶАШНИ ТАМАДДУНИ МАРДУМИ ОРИЁӢ ДАР АМРИКО. Иди байналмилалии Наврӯз дар қароргоҳи СММ батантана таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 23.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 март дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Нью-Йорк (ИМА) Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ироқ, Туркманистон, Туркия ва Узбекистон чорабинии маҷозиро бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ хабар медиҳад.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат дар ин ҳамоиш ширкат варзида, аз таърих ва аҳаммияти ин ҷашни ниёгон барои эҳё ва ҳифзи ҳуввият ва арзишҳои миллии Тоҷикистон ва минтақа ибрози андеша намуд.
Дабири кулли СММ Антониy Гутерреш, Раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Абдулло Шоҳид, Раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ Коллен Виксен Келапиле ва сафирони кишварҳои узви СММ дар чорабинии мазкур иштирок карда, кишварҳои ҳавзаи Наврӯзро бо ин ид табрик намуданд.
АКСҲО: Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ










Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд






