АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн намоиши корҳои рассомии омӯзгорон доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҷлили ҷашни Наврӯз имсол низ бо намоиши корҳои эҷодии рассомии омӯзгорон шурӯъ гардид. Ин иқдом шурӯъ аз таъсиси донишкада дар баҳори соли 2013 то ба имрӯз идома дошта, он ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳамасола ин маъракаи фарҳангӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишкадаи мазкур.
Ба намоиш асарҳои рассомию наққошии қариб 40 муаллиф гузошта шуд, ки миёни онҳо нигоштаҳои Муҳаммадкарим Рақибов, Мизроб Холов, Муноҷот Бойматова, Умеда Мардихудоева ва устодони зиндаёд Исуф Сангов, Фаррух Хоҷаев ва Каримхон Наҷмиддинов бо услуби ба худ хос ва мазмуни баланд тафовут доштанд.
Пас аз ифтитоҳи намоиш ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн Ҷамшед Ғанизода, сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев, директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов Сироҷиддин Ҷӯрахонзода, директори Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов Баҳодур Давлатзода ва Арбоби санъати Тоҷикистон Мизробшо Холов донишҷӯёну омӯзгоронро бо ҷашни Наврӯз самимона муборакбод гуфтанд.
Зикр гардид, ки ҳамасола бахшида ба Иди Наврӯз барпо намудани намоиши асарҳои рассомӣ ва наққошии омӯзгорони донишкада, ки аксарият дорои ҳунари волои рассомӣ ва узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистонанд, ба рушди ин санъат на танҳо дар донишкада, балки дар маҷмӯъ тамоми ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.
Базми идона бо намоиши анъанаҳои наврӯзӣ – оростани хони ҳафтсину ҳафтшин, пухтани суманаку оши бурида, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла кандакорию кулолгарӣ ва базму тараб — суруду оҳанг ва рақсҳои дилнишин то дер гоҳ идома ёфт.
Акс: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон










Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






