«БИЁ, БО ҲАМ БИХАНДЕМ!». Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон ҷамъбаст мегардад

Март 30, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30-31 март дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон  ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳои Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё, бо ҳам бихандем!» бо иштироки 14 гурӯҳ ҳаҷвнигорон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир мегардад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озар Орифӣ.

Ба гуфти Озар Орифӣ,  фестивали ҷумҳуриявӣ дар се давр баргузор гардид. Даври аввали он дар шуъбаҳо, бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ моҳи январ дар сатҳи маҳал баргузор гардид. Даври дуюм моҳҳои феврал-март дар маркази минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуда, аз ҳар минтақа 1 дастаи ҳунарӣ ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт.

Фестивал аз рўйи 7 номина бо назардошти вақти муайяни давомнокӣ баргузор гардид: Интермедия (то 4 дақиқа); Аскиягўӣ (то 5 дақиқа); Тақлидкорӣ (то 3 дақиқа); Латифагўӣ (то 8 дақиқа); Суруди ҳаҷвӣ (то 5 дақиқа);  Монологи ҳаҷвӣ (то 4 дақиқа) ва саҳначаи ҳаҷвӣ (то 7 дақиқа).

Бад аз даври ниҳоӣ ҳамаи иштирокчиён бо Дипломи барандаи Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё, бо ҳам бихандем!» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мегарданд.

Инчунин аз ҷониби ҳамоҳангсозони фестивал созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъол, кормандони воситаҳои ахбори омма, муассисаву ташкилот ва шахсони алоҳида тибқи дархост бо мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла нишонҳои Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон, Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки 1 апрел бахшида ба Рӯзи ханда дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон  гулчини барномаи фарҳангиву фароғатӣ ва маросими қадрдонии ғолибону беҳтарин иштирокдорони фестивал баргузор мегардад.

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ

 

Март 30, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид