«БИЁЕД, ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар Тоҷикистон маъракаи баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшии миллӣ ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 04.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон маъракаи «Биёед, тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид, ки то 1 апрел дар тамоми шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ҷараён мегирад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳадаф аз баргузории маъракаи мазкур тарғиби либоси миллӣ ба шумор меравад, зеро вақте сухан аз сару либоси миллӣ меравад, ҳатман симои зан-модари тоҷик бо сару либоси хоссаи зебо, ки дар ҳар давру замон посдори урфу одат ва анъанаҳои муқаддаси халқу миллат мебошад, пеши назар меояд.
Мақсади дигари баргузории ин иқдом — пешгирии либоспӯшии бархе занону бонувон ва ҷавондухтаронест, ки мутаассифона, имрӯз бо тақлид ба фарҳанги бегона либоси ғайр ба бар мекунанд.
Аз ин рӯ, чунин маъракаҳо метавонанд бо дастгирии волидон, омӯзгорон ва фаъолони ҷомеа садди роҳи бегонапарастӣ шаванд.
Либосҳои хоси зани тоҷик — атласу адрас ва чакан ҳам ба зани роҳбару соҳибкор, ҳам ба олиму омӯзгор, ҳам ба кадбонуҳои хонадон ва ҳам ба донишҷӯву хонандаи мактаб зебандаанд.
АКС аз бойгонӣ








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






