БМТ ба ЮНИСТРИМ барои фаъолият ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод

Март 6, 2022 09:45

ДУШАНБЕ, 06.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии бонки тиҷоратии «ЮНИСТРИМ» барои фаъолияти оператори низоми пардохтии «ЮНИСТРИМ» ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд. 

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин тасмим дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» гирифта шудааст.

Ҳамзамон идораи низоми пардохт вазифадор аст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.

 

АКС аз бойгонӣ

 

Март 6, 2022 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0520 то 11.0600 сомонӣ муқаррар шудааст
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд